(Ҳаҷвия)
Ҳавои хиёбони шаҳр масту махмуркунанда. Якта-якта қадам мезанам. Оҳиста бошад ҳам, муҳимаш пеш меравам. Акнун барои мо, мӯйсафедон шитоб кардан чандон шарт не. Даври шитобу давутозу саросемагӣ гузашт. Ин тарафаш шукронагӯиву оҳистагӣ. Ҳар рӯзи умр мукофоти иловагии Худованди карим барин… Эъ, ин чӣ? Ҳамроҳи поям чизе мехазаду овози аҷибе бароварда, ба асабҳо нақора мезанад. Саҳл хам шуда бинам…
Уф-ф! Ҳоло ҳамин шарт буд? Гиреҳи банди туфлиам кушода шудааст. Ресмони лаънатиаш дароз. Ба таги поям монад, заминро бӯсиданам аниқ. Дар ин дунё бӯсаи муфт куҷо? Банду устухонҳои пиронсолон заифу мӯрт мешавад. Ба имо маҳтал. Бо саҳл баҳона ба дасти шикастабандон афтода, моҳҳо рӯйи ҷо шуда хобидан ҳеч гап не… Мабодо, афтида монам… Эҳ, Худоҷон-е, дар пеши мардум як хандахариши олам шуданам кам буд. Ба фарзандҳо борҳо гуфтам: ин хел туфлӣ ба ман зарур нест. Не-дия, «пӯшед, дадаҷон, ба шумо мезебад!» Ман санъаткор не, ки саҳназеб бошаму мардум тамошо кунанд. Э, зебаш ба замин! Ҳусну зебоӣ акнун ба пиронсолон чӣ лозим? Вақти хушрӯшавию бодигиҳо шамол барин гузашта рафт. Акнун чангу ғубораш ҳам наменамояд.
— Хайр, ҳо ана, ба он ҷо, Ба ҷойи соя равам, ресмонҳои туфлиамро мебандам.
Эҳтиёткорона қадам зада, зери дарахти арчаи калони назди истгоҳ қарор гирифтам. Ҷойи соя соя-дия! Ҳур-ҳур вазидани шамоли фораму навозишомезро одамизод танҳо дар ҷойи соя ҳис мекунад. Ин хел ҷо ҳузури ҷон. Кат бошаду каме дароз кашед. Оҳ-оҳ…
Даврони бачагӣ ҳай давраҳои хуб будааст! Давидану афтодану хестан писанд не. Дарди пову миён, хирагии чашм, вазнинии гӯш, ҳатто душвории қадам монданро ҳис намекунед. Кӯрпаву болин чӣ, болои хоку алаф ҳам қурғот барин хобатон мебарад. Вале дар пирӣ… Ҳозир хам шудан як азоб бошад, хестан сад азоб аст.
Бо азобе диккак нишастам. Акнун бояд ба кор сар кунам. Дар ҷавонӣ қувва бошад, ақл доштан шарт набуд. Ҳанӯз дар ёд дорам: боре вақти кундакафонӣ раҳматӣ падарам гуфт, ки зӯри беҳуда миён мешиканад. Беҳуда азоб накашида, рахи кафидаи кундаро нишон гирифта, якта занам, кунда ҳамон лаҳза дукафон мешавад. Вале мани нодон ба ҷойи ростомадаи кунда мезадаму мезадам. Агар ба гуфтаи падарам амал мекардам, бо як ё ду зарба задан кундаро кафондан мумкин буд. Вале ман қулоч кашидаву табарро болои сар баландтар бардошта, садҳо маротиба зада, ниҳоят кундаро майда карда будам. Ҳоло… Тани одамро нерӯйи пешинаи кӯҳталқонкунӣ тарк кунад, кас ҳаракат мекардааст, ки бештар ақлашро кор фармояд…
Ана шиштам. Банди туфлии пойи чапро дурустакак кашида, сахтакак бастам. Гуфта намешавад, боз барои он ки дубора шишта нахезам, ресмонҳои пойи рости туфлиро ҳам аз назар гузарондам. Хушбахтона, инаш сахтакак баста шудааст. Аз ҷой нахеста, ҷӯробҳои ҳар ду поямро ҳам саҳл пасттар кашидам. Лаънатӣ, резинҳои таранги ҷӯробҳо нақши кунгурамонанди худро болои буҷулакҳои поям гузоштаанд. Онҳо ҳам сарчашмаи пайдоиши касалиҳо. Ба ҳаракати бемалоли хун резинҳои ҷӯроб халал расонида, одамро дарди пову ба бемории варикоз гирифтор мекунанд. Варикоз аҷали оҳистакушак. Аз он Худо нигоҳ дорад. Ба хона рафта, ягон чораашро ёфтанам даркор. Каллаи истеҳсолгарони ҷӯробҳо пӯсад, ҳаминро ҳам ба назар намегиранд-е!
Аз ҷо нахеста, туфлиҳоро якбора пок ҳам кардам… Ҳоло ман ба куҷо мерафтам? Ҳа, ба дорухона. То дорухона роҳ бисёр. Таксӣ дорам, нархи осмонро ба забон меорад. Дар талоши роҳкиро асабҳоямро хароб мекунам. Ҳамин вақт барои ман баланд шудани фишори хунам зурур аст?!
Бо автобус равам, аввал бояд ба истгоҳ бароям. Истгоҳи даркории ман дар он тарафи кӯча. Ба он тарафи роҳ гузашта, бояд автобусро интизор шавам. Биёяд, савор шуда, то истгоҳи даркорӣ расам. Аз он ҷо фаромада, то дорухона боз қариб 400–500 қадам бояд пиёда рафт. Не, ҳам дурӣ мекунаду ҳам вақт меравад. Майна об карда, илоҷашро ёфтам. Ҳисоб карда бароям, роҳро миёнбур кунам, зудтар рафта мерасам… Аз ҳамон ҷо ба ягон дӯкон даромада, ба набераҳо қанду қурс ҳам мехарам. Ин ҳам як намуди инвеститсия! Дар акси ҳол, эркатулфорҳо «бобоҷон» намегӯянд. Ҳа, одам ғамашро бояд пешакӣ хӯрад. Набошад, мардуми арасот дар рӯзи вопасини инсон «дилсӯзе надоштааст» гӯён айб мекунанд.
…Акнун хезам ҳам мешавад. Эъ, не. Хестану шиштан, ки душвор аст, одам баъде ки бо азоб нишаст, бояд чандин корро якбора иҷро кунад. Ҳа, чангу хоки пойҳои шимамро ҳам нағзакак афшондам. Э, Худо мадад…
Садои туқ-туқи туфлии занона ба гӯшам расид.
— Ист-е, — худ ба худ амр додам. — Аз ҷой нахеста, пойҳои сап-сафеди зеборо ҳам як тамошо кун! Хестан гурехта намеравад. Пойҳои зебо нишони рӯйҳои дилкашу зебо. Худо ки чашм дод, ин хел пойҳои дилкашро нағзакак дидан даркор… Астағфируллоҳ, тавба кардам, бад кардам. Ӯҳ-ҳӯ, бобои гӯр, чашмакат дида, аллакай оби даҳонат шорид!..
Аз ҳамон ҷойи шиштам боз бисёр чизҳо ба назар расанд, ки ман эътибор надода, аз ҷой хестам. Хестан душворӣ кард ё аз бисёр нишастан чашмонам сиёҳ заданд, ки мастона калавида рост шудам.
— Бобо, ёрдам даркор не? — пурсид духтараки зебои раҳгузар.
— Не, не, духтарам, ҳамааш нағз.
— Ба назарам, калавидагӣ барин шудед.
«Аз дидани шумо сарам гаранг шуда калавидам» шӯхӣ кардани шудаму зуд забонамро газидам.
— Не, аз роҳатон намонед, ман нағз…
«Ҳӯ, мӯйсафед, — худро сарзаниш кардам, — о, як поят дар лаби гӯр, шарму айб ҳам чизи нағз!»
Бахтиёри ҶУМЪА
