Дар маҳаллаи ба номи Аҳмадҷон Қурбонови ноҳияи Ҷомбой Нормуҳаммад Эгамқулов ном табиби шикастабанд истиқомат мекунад, ки бо ин ҳунари худододи худ дар байни аҳолии ноҳия шуҳрат дорад. Ӯро бо дигар ҳунараш ҳам мешиносанд, ки ин боғбониву деҳқонӣ мебошад.
Вақте ки вориди ҳавлии ин шахс мешавед, мебинед, ки дар замини наздиҳавлигии ӯ як ваҷаб ҳам ҷои холӣ нест. Гирдогирди замин дарахтони чормағз, хурмо, тут, анҷир ва ғайраҳо қад афрохта бошанд, дар миёна маҳсулотҳои полизӣ, аз қабилӣ картошка, помидор, қаламфури булғорӣ ва кабудиҳо кишта шудаанд.
Нормуҳаммадбобои 76‑сола дар ним хол замини наздиҳавлигӣ гармхона низ бунёд карда, дар он лимӯву апелсин парвариш мекунад. Вале ҳосили онҳоро намефурӯшад, балки як қисмашро барои рӯзгори худ нигоҳ дошта, боқитмондаро ба ҳаду ҳамсоя ва хешу табор тақсим мекунад.
— Соли 2019 савдогаре аз назди дарамон мегузашт, ки дар пушти мошинаш ниҳолҳои гуногун дошт, — гуфт Нормуҳаммадбобо. — Аз вай 12 ниҳоли лимӯ ва 3 ниҳоли апелсин харидам. Сипас, ним хол заминро то 1,5 метр кофта, ниҳолҳоро шинондам ва болои чуқуриро маҳкам кардам. Ниҳолҳо баъди се сол ба ҳосил даромаданд. Ба гармхонаи мо сӯзишворӣ лозим нест. Зимистон болояшро пӯшида монем, бас аст. Дар дигар фаслҳо гармии офтоб кифоят мекунад. Ман ба дарахтони лимӯ доруи зиёд намедиҳам. Танҳо ҳар сол дар аввали баҳор ба онҳо сулфур мепошам.
Ҳоло Нормуҳаммадбобо Эгамқулов аз ҳар як дарахти лимӯ то 100 дона мева, яъне тақрибан 50–60 кило ҳосил мегирад. Дар оянда нақшаи бо кумаки фарзандон васеътар кардани гармхона ва фурӯхтани ҳосили онро дорад. Чӣ тавре, ки мегӯянд: «касе, ки замини наздиҳавлигӣ дорад, камбизоат нест». Воқеан, ҳар кас, ки аз замини худ оқилона истофода менамояд, ҳеҷ гоҳ ба нодорӣ рӯбарӯ намешавад.
Соҳиб САЙФУЛЛОЕВ
