Ба ақидаи мутахассисон, дар ҳавои гарм душмани асосии организм ҳама гуна обҳои газдори ширин мебошанд.
Шифокорон ҳатто дар вақти муқаррарӣ ҳам истеъмоли чунин нӯшокиҳоро тавсия намедиҳанд, вале дар ҳавои гарму сӯзон, вақте ки организм тамоми қувваро барои сард нигоҳ доштан равона мекунад, нӯшокиҳои ширини газдор метавонанд ба ғадуди зери меъда зарари ҷиддӣ расонанд.
Албатта, истеъмоли машрубот (нӯшокиҳои спиртӣ) тавсия намешавад, зеро дар рӯзҳои гарму тафсон онҳо ба дил ва рагҳо фишори зиёд оварда, барои саломатии ҳатто шахси пурқувват хатари ҷиддӣ ба бор меоранд. Оби ҷав (пиво) низ ба дилу рагҳо фишор меорад.
Таркиби нӯшокиҳои энергетикӣ аз кофеину шакар ва иловаҳои гуногуни кимиёвӣ бой буда, табибон дар ин маврид ақидаи яксон доранд: истеъмоли онҳо дар ҳар фасли сол номатлуб аст!
Истифодаи онҳо бо мақсади барқарор кардани тавозуни об дар организм ё бартараф кардани ташнагӣ умуман бемаънӣ аст.
