Ҳандалак як навъи харбузаи барвақтпаз аст. Ҳандалак аз дигар навъҳои харбуза барвақттар мепазад. Мевааш одатан мудаввар ё каме байзашакл аст. Пӯсташ зард ё сабзчатоб буда, рахҳои хос дорад. Ҳандалак хеле болаззату хушбӯй аст.
➖ Аз витаминҳои А ва С бой аст; ➖ Оби зиёд дорад ва ташнагиро мешиканад; ➖ Барои ҳозима муфид аст; ➖ Дар рӯзҳои гарм организмро тароват мебахшад; ➖ Қувват мебахшад – дорои қандҳои табиӣ буда. ба бадан энергия медиҳад; ➖ Дилро дастгирӣ мекунад – калий дорад, ки барои кори мӯътадили дил муфид аст; ➖ Ба гурдаҳо кӯмак мекунад – аз сабаби сероб будан ба хориҷ шудани моддаҳои зиёдатии бадан мусоидат мекунад; ➖ Пӯстро солим нигоҳ медорад _ витаминҳои он бароваи тароват ва зебоии пӯст муфиданд; ➖ Иммунитетро қавӣ мекунад – витамини С ба организм дар мубориза бо баъзе бемориҳо кӯмак мерасонад; ➖ Камкалория аст – барои одамоне, ки мехоҳанд вазни худро назорат кунанд, мувофиқ мебошад.
Аммо ҳандалакро аз ҳад зиёд истеъмол кардан тавсия дода намешавад, махсусан барои шахсоне, ки мушкилоти қанд (диабет) доранд.
