Масъалаи кадасри молу мулк яке аз масъалаҳои мураккаб ва серташвиш аст. Чунки на ҳама моҳияти кори ходимони соҳаи кадастрро ба хубӣ дарк менамоянд. Бинобар ин, дар Хонаи матбуоти вилоят бо роҳбарони ин соҳа мулоқоти навбатии кушод баргузор гардид. Барои ба аҳолӣ фаҳмонидани фарохии хизмати кадастр саҳифаҳои расмии Агентии кадастр ва Палатаи кадастри давлатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Telegram, Instagram, Facebook ва YouTube)-ро 7861 нафар пайгирӣ мекунанд.
Шуъбаи робита бо ҷомеаи садорат дар тӯли 5 моҳи гузаштаи соли 2026 дар бобати таъмини ошкороӣ ва шаффофияти фаъолияти кормандони соҳа, огоҳ кардани аҳолӣ дар бораи хидматҳои кадастрӣ ва гузаронидани чорабиниҳои васеи таблиғотӣ тавассути ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ як қатор корҳоро анҷом дод. Аз ҷумла, ба 11 муроҷиати танқидӣ, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пахш гардидаанд, сари вақт ва муфассал посух дода шуд. Аз ин рӯ, баъзе аз муроҷиатҳо аз ҷиҳати дахлдорӣ яктарафа мебошанд.
Дар мавриди масъалаи майдончаи бозии кӯдакона ва майдони футбол, ки дар ҳудуди маҳаллаи Чақари шаҳри Самарқанд ҷойгир аст, фаъолон ва сокинони маҳалла аз қарорҳои ба номи корхонаи хусусии «Меҳр Ал-Бизнес» қабулкардаи роҳбарони шаҳри Самарқанд ва корҳои сохтмонӣ, ки дар асоси онҳо анҷом дода шудаанд, норозигии худро баён ва ба мақомоти судӣ муроҷиат карданд. Ин масъала дар якчанд сатҳҳои додгоҳӣ муфассал баррасӣ, қарорҳои дахлдори ҳокимияти шаҳри Самарқанд ва ҳуҷҷатҳое, ки дар асоси онҳо ба номи ин субъекти соҳибкорӣ дода буданд, беэътибор дониста шуданд.
Дар тӯли 5 моҳи гузаштаи соли 2026 Агентии кадастр ва шуъбаи вилоятии Палатаи кадастри давлатӣ ва шуъбаҳои шаҳриву ноҳиявии он барои баррасии дархостҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ корҳои зиёдеро анҷом доданд. Шумораи умумии муроҷиатҳо 2448 ададро ташкил кард.
Ходимони кадастр ҳангоми аз рӯйхатгузаронӣ (аз давраи собиқ Шӯравӣ) 437532 қитъаи замин ва биноҳое, ки дар 1126 маҳаллаи вилоят ҷойгир буданд ва худсарона истифода мешуданд, муайян карданд.
Тибқи нақша, солҳои 2024–2026 дар 564 ҷамъомади шаҳрвандон, инвентаризатсияи объектҳои истиқоматӣ, ғайриистиқоматӣ ва нотамом муайян карда шуда буд. Дар давраи гузашта 141190 объект инвентаризатсия карда шуд. То 9-уми июни соли 2026 аз 11110 бинои истиқоматӣ, ки тибқи Қонуни № 937 дар вилояти Самарқанд эътироф шудаанд, дархостҳо барои бақайдгирии ҳуҷҷатҳои кадастрӣ барои 3376 объект қабул гардиданд.
Дар мулоқот котиби матбуоти Агентии кадастр — мушовири сиёсати иттилоотӣ Неъматҷон Атамуратов, муовини сардори Садорати минтақавии Агентии кадастр Шакарбой Бутаев ва роҳбари Раёсати минтақавии Палатаи кадастри давлатӣ дар вилояти Самарқанд Равшан Ҳотамов иштирок карданд. Онҳо ба саволҳои журналисту блогерон посух доданд ва ҳозиринро ба ҳамкорӣ даъват намуданд.
Б.ҶУМЪАЕВ
