14‑уми июн — Рӯзи умумиҷаҳонии донори хун
Ҳар сол 14‑уми июн — Рӯзи умумиҷаҳонии донори хун таҷлил мегардад. Ин эҳтироми ҷаҳониест, ки ба миллионҳо нафар донорҳои ихтиёрӣ ва фидокори хун нишон дода мешавад.
Саховатмандии онҳо ҳар рӯз ҷони инсонҳои бешуморро наҷот медиҳад. Ҳиссаи онҳо дар соҳаи ҳифзи тандурустии ҷаҳонӣ аҳамияти ҳалкунанда дошта, беморонеро, ки дар ҳолатҳои фавқулодда, таваллуд, ҷарроҳӣ, табобати саратон ва бисёр бемориҳои ҷиддӣ ба нигоҳубини якумра ниёз доранд, дастгирӣ мекунад.
Бахшида ба ин сана, ҳамасола дар кишварамон, аз ҷумла дар вилояти Самарқанд чорабиниву вохӯрӣ ва аксияҳои тарғиботӣ гузаронида мешаванд, нафарони зиёд бо мақсади наҷот додани ҳаёти касе ба маркази мо меоянд ва хун месупоранд.
Чорабиниҳои имсолаи хунсупорӣ ҳам ба маркази ҳар як ҷараёни хунсупорӣ, аввалан одамгариро мегузоранд. Ин ёдрас мекунад, ки ҳар як донорӣ на танҳо як амалиёти тиббӣ, балки ифодаи равшани муттаҳидӣ, ҳамдардӣ ва масъулияти ҷамоавӣ мебошад. Чорабиниҳо, ки гӯё дар худ ғояи «Тамоми инсоният метавонад дар як қатра инъикос ёбад»-ро муҷассам мекунанд, нишон медиҳанд, ки чӣ гуна ҳар як донор дар эҷоди занҷири ҳаёте, ки ҳамаи моро мепайвандад ва муҳофизат мекунад, саҳм мегузорад.
Дар ҳоле ки хунсупорӣ ба шарофати рушди илму фан, санҷиши хун ва системаҳои бехатарӣ аз ҳарвақта бехатартар аст, бехатарии хун то ҳол аз одамоне вобаста мебошад, ки омодаанд мунтазам ва ихтиёрӣ донорӣ кунанд. Бо вуҷуди ин, бисёр кишварҳо, бахусус кишварҳои дорои даромади паст ва миёна, бо норасоии хун ва маҳсулоти хунии бехатар рӯбарӯ мешаванд.
Ҳар як шаҳрванд бояд донад, ки хунсупорӣ фоидаовар буда, бемориҳои системаи рагҳои хунгард, ишемияи дил, сактаи майнаи сарро пешгирӣ менамояд. Инчунин, системаи иммунитети шахс мустаҳкам мегардад ва аз ҳама муҳим, ҳаёти касе наҷот дода мешавад.
Мо якҷоя метавонем барои таъмини дастрасӣ ба хуни бехатар барои ҳама, дар ҳар ҷо ва ҳар вақте ки лозим аст, кумак кунем.
Рофӣ АЛИЕВ,
сардухтури Стансияи хунгузаронии вилояти Самарқанд
