Ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев бо роҳбарияти консорсиуми «Star Fruits & Plant Export» (Star Group)-и Франсия мулоқот баргузор кард. Дар мулоқот шарикони хориҷӣ фаъолияти худро муаррифӣ карда, барои навсозии бахши кишоварзии вилоят хидматҳои ҳамаҷониба пешниҳод карданд.
Консорсиум, ки яке аз ширкатҳои пешқадами Аврупо дар парвариши навъҳои меваҳои клубии премиум мебошад, ба татбиқи модели беназири тиҷоратии худ дар Самарқанд эътибор нигаронидааст. Ҷониби Франсия ҳамкории пурра, аз ҷумла таъмини ниҳолҳои инноватсионӣ ва сертификатсияшуда, коркарди агротехникии боғҳо, инчунин интегратсияи маҳсулот ба системаҳои маркетинги ҷаҳонӣ ва экспорти меваҳои маҳаллӣ ба шабакаҳои тиҷорати байналмилалиро пешниҳод кард.
Роҳбари вилоят ба дурнамои лоиҳа таваҷҷуҳ зоҳир ва зарурати навсозиву афзоиши ҳосилнокии боғҳои сершумори минтақаро қайд кард. Ӯ қайд намуд, ки бартарии асосии ин модел имконияти гузаштан аз экспорти ашёи хоми оддӣ ба фурӯши меваҳои брендӣ бо арзиши иловашудаи баланд мебошад.
Дар охири мулоқот ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки пешниҳодҳо ва таҷрибаи амалии ширкатро муфассал омӯзанд. Пас аз ин, таҳияи чораҳои амалии муайян барои татбиқи лоиҳаҳои дуҷониба ба нақша гирифта шудааст.
