Ovozi.uz

Даҳҳо лоиҳа ва инфрасохтори нав

Бар асоси қарори Президентамон аз 27‑уми декабри соли 2025 «Дар бораи боз ҳам суръат бахшидан ба иҷрои чорабиниҳое, ки ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии вилояти Самарқанд нигаронида шудаанд» вазифаҳои устувори рушди иҷтимоӣ-­иқтисодии ноҳия ва шаҳрҳои вилояти мо барои соли 2026 муайян карда шуданд. Ҳокимон барномаҳои мазкурро ба сессияи Шӯрои намояндагони халқи вилоят пешниҳод намуданд.

Аз ҷумла, Шӯрои намояндагони халқи вилоят барномаи чорабиниҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр ва ноҳияи Пастдарғамро дар соли 2026 тасдиқ кард. Имсол бо мақсади афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия, 3 лоиҳаи бузурги саноатӣ ба маблағи умумии 144,0 миллиард сӯм ба кор андохта шуда, фаъолияти корхонаҳои саноатии мавҷудбуда, бо иқтидори пурра роҳандозӣ мешавад.

Аз ҷумла, лоиҳаи «Al-­Muin Barokat» ба маблағи 70 миллиард сӯм, хоҷагии фермерии «K-Eldor» ба маблағи 50 миллиард сӯм, ҶММ-и «Iskandarov parranda» ба маблағи 24 миллиард сӯм амалӣ хоҳанд гардид. Инчунин, бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми хизматрасонӣ 5 лоиҳаи бузурги арзиши умумиашон 77, 4 миллиард сӯмина ба кор андохта мешавад ва фаъолияти пурраи корхонаҳои савдо ва хизматрасонии мавҷудбуда таъмин мегарданд.

Дар ин самт лоиҳаҳои ҶММ-и «JUMA MALL», «PASTDARGʼAM MALL», «SHOX SAROY GROUP», «INDRA BONDED ECOMMERCE SERVICES», «TEMUROVICH PERFECTBUILDING» татбиқ хоҳад шуд. Ба воситаи беҳтар кардани инфрасохтори шаҳраки Ҷумъа ва маҳаллаи Олтиқаҳрамон барои мардум мусоидиҳо офарида шуда, имкониятҳои соҳибкорӣ васеъ мешаванд.

Дар натиҷа, 336 нафар аҳолӣ бо ҷойи кор таъмин мегарданд. Мувофиқи нақша, дар шаҳраки Ҷумъа 22 лоиҳа ва 216 ҷойи нави корӣ, дар маҳаллаи Олтиқаҳрамон 5-то лоиҳа ва 120-то ҷойи нави корӣ офарида мешаванд.

Инчунин, сатҳи камбизоатӣ аз 3,8 дарсад то 2,3 дарсад коҳиш дода шуда, 5760 нафар аъзои оилаҳои дар рӯихати камбизоатон қайдшуда бо хизматрасониҳои устувори шуғл фаро гирифта мешаванд.

Дар ноҳия барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардани 8264 нафар шаҳрванд соҳа ва самтҳои мувофиқ тасдиқ гардид.
Аз рӯи барномаи «Имконияти баробар — шуғли фарогир», шуғли 357 нафар шахсони имконияташон маҳдуд таъмин карда мешавад. Барои ин, 328 миллион сӯм субсидия, ссуда ва грантҳо, инчунин, 1508,0 миллион сӯм кредитҳои бонкӣ пешбинӣ шудааст. Бо мақсади омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон дар 1730 хонавода танзимкунандаҳои газӣ насб карда мешаванд.

Ғайр аз ин, 6,6 километр қубурҳои газ таъмир ва навсозӣ шуда, 6 нуқтаи тақсимкунандаи газро низ пурра таъмир ва модернизатсия мекунанд. Ба 5 нафар кӯдакони бепарастор хонаҳои истиқоматӣ дода, 5 бинои нави маҳалла қомат меафрозад. Дар 14 маҳалла 710 дона чароғи шабона насб мегардад. Инчунин, дар 100 маҳалла 155 километр шабакаҳои оби нӯшиданӣ таъмир хоҳад шуд.

Дар фаъолияти кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия модели нав роҳандозӣ мегардад. Дар ин замина сохтори шифохонаҳои оилавии навъи 1 ва 2 мувофиқи шумораи аҳолӣ аз нав ташкил карда мешаванд. Байни шаҳрвандони синнашон аз 30-сола боло скрининги бемориҳои дилу раг ва майнаи сар гузаронида мешавад.

Дар ноҳия ду муассисаи нави тиббии хусусӣ ба фаъолият оғоз мекунад. Дар маҳаллаҳое, ки дар «Олимпиадаи панҷ ташаббус» ғолиб ва ҷоизадор шудаанд, ду майдончаи варзишӣ бунёд мегардад.

Маҷмааи варзишии дуюми мактаби варзишии рақами 1‑ро таъмир карда, дар мактаби варзишии рақами 2 толори варзишии дзюдо ва гӯштии миллӣ сохта мешавад.