Ovozi.uz

Ӯзбекистон аз шартномаи сулҳ байни ИМА ва Эрон истиқбол кард

Ӯзбекистон имзои шартномаи сулҳ миёни Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва Ҷумҳурии Исломии Эронро ҳамчун як дастоварди муҳими дипломатӣ дар роҳи коҳиши зиддиятҳои байналмилалӣ ва барқарорсозии бехатариву барқарории минтақавӣ баҳогузорӣ намуд.

Дар баёнияи расмӣ таъкид шудааст, ки Ӯзбекистон иродаи сиёсӣ ва дурандешии роҳбарони ИМА ва Эронро, ки дар як марҳалаи ҳалкунанда зоҳир гардид, баланд арзёбӣ мекунад. Зикр мешавад, ки ин созишнома барои расидан ба сулҳу суботе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ муддати дароз интизораш буд, заминаи устувор фароҳам меорад.

Ҳамчунин, саҳми Покистон ва Қатар дар фароҳам сохтани шароити зарурӣ барои расидан ба ин созиш, инчунин талошҳои Туркия, Арабистони Саудӣ, Миср ва дигар шарикони минтақавӣ баланд баҳогузорӣ шуданд.

Ӯзбекистон изҳори умед кардааст, ки марҳилаҳои минбаъдаи музокираҳо дар рӯҳияи созанда идома ёфта, созишҳои бадастомада самаранок амалӣ хоҳанд шуд.

Дар баёния бори дигар таъкид шудааст, ки ҳалли низоъҳо ва ихтилофҳо тавассути воситаҳои дипломатӣ, бар пояи тамоюлҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, эҳтироми дуҷониба ва бо назардошти манфиатҳои ҳамаи ҷонибҳо, шарти асосии таъмини сулҳу бехатарӣ мебошад.