Ovozi.uz

Ба қоидаи оббозӣ риоя кунед!

Бо даромадани фасли тобистон аксарияти сокинон ба сӯи ҳавзҳои об, каналу ҷӯйҳои калон ва бассейнҳо мешитобанд. Вале бояд танҳо дар ҳавзҳои махсусе, ки оббозӣ иҷозатдодашудааст, оббозӣ кард. Вагарна ин кор метавонад бо пасомадҳои мудҳиш ба анҷом расад.

Ҳодисаи ғарқ шудани се нафар ҷавони 18‑сола, ки дар аввалҳои моҳи равон дар ноҳияи Ҷарқӯрғони вилояти Сурхондарё иттифоқ афтод, мисоли равшани гуфтаи болост, ки ба андоми кас ларза меафканад.

Дар вилояти мо барои пешгирии ин гуна ҳолатҳо аз ҷониби кормандони Садорати вазъиятҳои фавқулода чораҳои зиёд андешида мешаванд.

— Дар доираи «Моҳонаи бехатарӣ дар ҳавзаҳои об», ки аз 1‑ум то 30‑юми июн идома меёбад, кормандони Садорати вазъиятҳои фавқулодаи вилоят дар минтақаҳои дарёҳои Зарафшон, Оқдарё, Қародарё, каналҳои Дарғаму Нарпай, обанборҳо ва дигар ҳавзаҳои обе, ки аз ҳудуди вилоят ва дар минтақаҳои шафати он ҷорӣ мешаванд, чорабиниҳои профилактии пурзӯркардашударо ба роҳ мондаанд, — мегӯяд сарвари хидмати матбуоти садорат Илҳом Боқиев. — Хусусан, дар миқёси вилоят семинари омӯзишии намунавӣ оид ба масъалаҳои бехатарӣ дар обанборҳо гузаронида шуд, ки дар он намояндагони садоратҳои корҳои дохилӣ, таълими олӣ, илм ва инноватсияҳо, таълими томактабӣ ва мактабӣ, тандурустӣ, Ҳавзаи системаҳои обёрии Зарафшон, Иттиҳоди маҳаллаҳо, намояндагони ВАО ва дигар ташкилотҳои шарик иштирок намуданд. Ғайр аз ин, дар ҳар як ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ, рейдҳои профилактикӣ, дар наздикии ҳавзҳои об овехтани баннерҳое, ки қоидаҳои бехатарии оббозиро нишон медиҳанд, дар ҷойҳое, ки оббозӣ манъ аст, гузоштани баннерҳои манъкунанда, инчунин мулоқот бо аҳолие, ки ба ҳавзҳои об наздик зиндагӣ мекунанд, пеш бурда мешаванд.

Мутахассиони соҳа ба шаҳрвандон тавсияҳоеро ироа мекунанд, ки бояд ҳангоми оббозӣ дар ҳавзҳо риоя карда шаванд. Аз ҷумла, пас аз расидан ба ҳавз, фавран набояд ба об даромад, зеро ин метавонад боиси кашиши шадиди рагҳои хун дар бадан гардад. Ҳамчунин, пеш аз ворид шудан ба об, зарур аст, ки баданро ба ҳарорати об мутобиқ ва сипас, оббозӣ кард. Шиноварӣ дар обанборҳои кушод ҳангоми аз +23 дараҷа пасттар будани ҳарорати ҳаво барои саломатӣ хатарнок аст. Ғайр аз ин, байни хӯрокхӯрӣ ва шиноварӣ бояд вақти муайяне бошад. Хӯрокхӯрӣ ва оббозӣ дар як вақт қатъиян манъ аст.

Пас аз таъсири тӯлонии нури офтоб, фавран ба об даромадан низ тавсия дода намешавад. Ин метавонад боиси кашиши шадиди мушакҳо ва ҳатто таъсири манфӣ ба фаъолияти дил гардад. Муҳимтар аз ҳама, кас набояд дар ҳавзи об аз 40 дақиқа зиёд бимонад.

Ҳ.СОДИҚОВ