Сарвазири кишвар низ аз озмоиши маводи мухаддир гузаштааст.
Ҳукумати Франсия озмоиши ҳатмии маводи мухаддирро барои мақомоти баландпоя, хизматчиёни давлатӣ ва мақомоти бехатарӣ ҷорӣ кардааст. Дар ин бора BILD хабар додааст.
Гузориш дода мешавад, ки ин тартиби нав барои пурзӯр кардани мубориза бо фурӯши маводи мухаддир дар кишвар равона шудааст ва ин ташаббусро сарвазири кишвар Себастян Ле Корнейл пешниҳод кардааст.
Тибқи гузоришҳои расонаҳои Франсия, тартиби нав озмоишҳои оммавии ғайричашмдошт ва ҳатмиро бо истифода аз намунаҳои оби даҳон дар бар мегирад. Санҷишҳо мансабдорони баландпоя, хизматчиёни давлатӣ ва кормандонеро, ки дар вазифаҳои муҳим ва масъулиятноки бахши бехатарӣ кор мекунанд, фаро мегиранд.
Қайд карда мешавад, ки худи сарвазири Франсия дар ин ташаббус намуна нишон дода, аз озмоиши маводи мухаддир гузаштааст. Сарвазир ва ҳамаи кормандони дигари ӯ натиҷаи манфӣ гирифтаанд.
