Ovozi.uz

Сессияи 32-юми Шӯрои намояндагони халқи вилоят 26-уми июн баргузор мешавад

Дар ин бора дар Фармоиши «Дар бораи даъвати сессияи сию дуюми Шӯрои намояндагони халқи вилоят даъвати ҳафтум»-и раиси шӯро Ш.Негматов, ки 23-юми июн қабул гардид, маълум карда шуд.

Рӯзномаи сессия масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:

— дар бораи ҳисоботи сарвари садорати вилоятии «Санэпидқўмита» аз рӯи корҳои анҷомдодашуда оиб ба таъмини иҷрои қарор «Дар бораи чораҳои беҳтар кардани низоми санитарӣ-гигиении муассисаҳои иҷтимоӣ, нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятии канори роҳҳои байниминтақавӣ»;

— дар бораи эътирофи ҳуқуқҳо ба қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда ва бинову иншооте, ки дар онҳо сохта шудаанд;— дар бораи истифодаи маблағҳои боқимондаи озоди буҷаи маҳаллии вилоят, ки то 1-уми январи соли 2026 ташаккул ёфтаанд;

— дар бораи иҷозат додан ба гирифтани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷи ҷомеа.