Ovozi.uz

Манзараҳои пешравии ноҳияи Тайлоқ

Барноаи рушд

Ҳангоми сафари Президенти мамлакатамон ба вилояти мо дар моҳи ноябри соли 2025 ва мувофиқи қарори Президент аз 27‑уми декабри соли 2025 «Дар бораи боз ҳам суръат бахшидани чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Самарқанд» вазифаҳои муҳимтарине, ки бояд соли 2026 дар ноҳияи Тайлоқ амалӣ гарданд, муайян карда шуданд.

Дар семоҳаи якуми соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия 822,1 миллиард сӯмро ташкил намуда, суръати рушд ба 108,9 дарсад расид. Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба 870,6 миллиард сӯм, ҳаҷми хизматрасониҳо ба 479,1 миллиард сӯм ва гардиши савдои чакана ба 298,4 миллиард сӯм расонида шуданд. Баландтарин суръати рушд дар соҳаи сохтмон ба қайд гирифта шуд ва ҳаҷми корҳои сохтмонӣ-­пудратӣ бо афзоиши 172,4 дарсад ба 298 миллиард сӯм расид.
Дар соҳаи содирот низ натиҷаҳои мусбат қайд гардиданд. Дар семоҳаи якум ба маблағи 6,8 миллион доллар маҳсулот содир карда шуд. Тӯли моҳҳои январ–май ҳаҷми экспорт ба 10,3 миллион доллар расида, нақша 125 фоиз иҷро гардид. Хусусан, васеъ гардидани ҷуғрофияи экспорт қобили таваҷҷуҳ аст. Бори аввал ба бозорҳои Чили, Колумбия ва Муғулис­тон роҳ ёфтан муяссар гардид.

Натиҷаи чорабиниҳо бар зидди бекорӣ ва камбизоатӣ
Ноҳия 231,1 ҳазор нафар аҳолӣ дорад. Аз онҳо 122,8 ҳазор нафарро аҳолии қобили меҳнат ташкил медиҳад. Агар дар аввали соли 2026 сатҳи бекорӣ 4,4 дарсад бошад, дар натиҷаи чораҳои амалигардида ин нишондиҳанда то ба 4,0 дарсад коҳиш ёфт. Дар моҳҳои январ–апрел даромади 9392 нафар аҳолӣ зиёд шуд ва 1179 нафар шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. Ҳамчунин, 996 ҷойи кори пинҳониро расман ба қайд гирифтанд.

Дар самти коҳиш додани камбизоатӣ низ натиҷаҳои мушаххас ба назар мерасанд. Агар дар аввали сол дар реестри камбизоатӣ 1948 оила қарор дошта бошад, имрӯз шумораи онҳо 1609 оиларо ташкил медиҳад. Сатҳи камбизоатӣ бошад, аз 3,8 дарсад то 2,8 дарсад паст фаромад.
То охири сол бо манбаи доимии даромад таъмин намудани 1528 оилаи камбизоат ба нақша гирифта шудааст. Дар натиҷа, ҳадаф гузошта шудааст, ки сатҳи камбизоатӣ то ба 1,8 дарсад коҳиш дода шавад.

Дар соҳаи кишоварзӣ
Дар яке аз бахшҳои асосии такягоҳи иқтисоди ноҳияи Тайлоқ — кишоварзӣ низ лоиҳаҳои муҳим амалӣ мегарданд. Ба ноҳия аз хоҷагии фермерии «Samarqand qulupnay Impex», ки дар ноҳияи Оқдарё ҷойгир аст, 21 ҳазор бех ниҳоли бодоми инвитро бо кафолат ворид карданд ва то моҳи август боз шинонидани 79 ҳазор бех ниҳол ба нақша гирифта шуд. Бо мақсади рушди чорводорӣ аз Олмон, Русия, Қирғизистон ва Қазоқистон 887 сар чорвои зотӣ оварданд.

Хоҷагии фермерии «Навобод наслли паранда» дар маҳаллаи Сариосиё системаи намунавии кооператсия роҳандозӣ кард. Ҳашт мурғхонаи хурди замонавӣ, ки арзиши ҳар кадоми онҳо 230 миллион сӯмро ташкил медиҳанд, таъсис дода шуд. Чунин лоиҳаҳо метавонанд дар як сол ба ҳар як хонадон то 85 миллион сӯм даромад оваранд. Акнун татбиқи ин таҷриба дар 100 хонадон ба нақша гирифта шудааст.


Барои ҳосили соли 2026 дар 8318 гектар заминҳои асосӣ ва 3526 гектар майдонҳои такрорӣ кишт ҷойгир карда, вазифаи расонидани беш аз 247,5 ҳазор тонна маҳсулоти меваю сабзавот гузошта шудааст. Ғайр аз ин, дар ноҳия бори аввал 3 лоиҳаи сармоягузории вобаста ба парвариши банан амалӣ карда мешавад.

Сармоягузориҳо — имкониятҳои нав
Дар соли 2026 амалӣ намудани 10 лоиҳаи бузурги сармоягузорӣ бо арзиши умумии 183 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст. Яке аз онҳо лоиҳаи васеъ гардонидани истеҳсоли маҳсулоти ширии ҶММ «Puremilky Works» ба маблағи 10 миллион доллар мебошад, ки муҳлати ба истифода додани он моҳи октябр муқаррар шудааст. Лоиҳаи дигар сохтмони хонаву ҷойҳои бисёрошёна ба маблағи 22 миллион доллар буда, бо иштироки ширкати «Global FZE LLC»-и Амороти Муттаҳидаи Араб амалӣ мегардад ва муҳлати ба истифода супоридани он моҳи декабр пешбинӣ шудааст.
Дар семоҳаи якуми сол ҳаҷми сармоягузориҳо ба ноҳия 31,5 миллион долларро ташкил дод ва нақша 140 дарсад иҷро гардид.


Инфрасохтор ва корҳои сохтмонӣ
Дар соли 2026 барои рушди ноҳияи Тайлоқ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо 310 миллиард сӯм маблағ равона карда мешавад. Ин рақам нисбат ба соли гузашта 159 миллиард сӯм, яъне қариб ду баробар зиёд мебошад. Айни замон дар 5 мактаб, 1 кӯдакистони давлатӣ ва 6 поликлиникаи оилавӣ аз ҷониби 12 пудратчӣ корҳои сохтмон ва бозсозӣ идома доранд.

Яке аз муҳимтарин лоиҳаҳо барномаи таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшиданӣ ба ҳисоб меравад. Мувофиқи он, дар 17 маҳалла сохтмони 19 иншооти нави обтаъминкунӣ, дар 8 маҳалла таҷдид (реконструксия)-и системаҳои мавҷудбуда ва кашидани 80,7 километр шабакаҳои обрасонӣ ба нақша гирифта шудаанд. Пас аз татбиқи ин лоиҳаҳо сатҳи таъмини аҳолии ноҳия бо оби нӯшидани марказӣ ба 100 дарсад мерасад. Ҳамчунин, дар массиви «Ӯзбекистони Нав» соли 2026 корҳои сохтмони 8 бинои истиқоматии 16‑қабата, ки барои 896 хонадон пешбинӣ шудаанд, оғоз мегарданд.

Тағйиротҳо дар соҳаи иҷтимоӣ
Дар ноҳия фарогирии таълими томактабӣ то ҳолати 1‑уми июни соли 2026 ба 77 дарсад расидааст. То охири сол ба зиёда аз 85 дарсад расондани ин нишондиҳанда ба нақша гирифта шудааст.
Бо мақсади ташкили фароғати мадании аҳолӣ, баланд бардоштани рӯҳияи маънавӣ ва эҳсоси ватандӯстии онҳо, боғҳои «Ватанпарвар» ва «Амир Темур»-и ноҳия пурра азнавсозӣ гардиданд. Ин маконҳо имрӯз ба марказҳои маънавию маърифатӣ ва фарҳангии истироҳати шаҳрвандон, бахусус ҷавонон табдил ёфтаанд.

Бо мақсади таҷлили бошукӯҳи 150‑солагии зодрӯзи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ дар маҳаллаи Бахшитепа, ки зодгоҳи ӯ мебошад, «Китобхонаи Беҳбудӣ» таъсис дода шуд ва дар мактабҳои таълими умумии рақами 15 ва 17 «Стипендияи Беҳбудӣ» ташкил гардид. Инчунин, дар маркази маҳалла «Боғи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ», «Хона-музейи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ» ва маркази таълимии «Маскани нури илми Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ» ташкил гардида, дар он ҷо нимпайкараи Маҳмудхоҷа Беҳбудиро гузоштанд.

Бо мақсади тарғиби «Тарзи ҳаёти солим» ва «Ғизои солим» миёни зан-духтарон ба ҳар яки 50 маҳалла намояндагони ташкилотҳои таълимӣ ва муассисаҳои тиббӣ вобаста карда шуданд. Инчунин, ба ҳамаи 50 маҳаллаи ноҳия роҳбарони ташкилотҳои ноҳия вобаста гардида, онҳо ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи маҳаллаҳо, ба минтақаҳои озод аз бекорӣ ва ҷинояткорӣ табдил додани онҳо мунтазам корҳои амалӣ ташкил мекунанд.

Бо мақсади дастгирии ҷавонон, оммавигардонии варзиш ва ташаккули тарзи ҳаёти солим, то имрӯз дар 14 маҳалла майдончаҳои воркаут сохта шудаанд. То охири сол дар 36 маҳаллаи боқимонда низ чунин иншоот бунёд карда мешаванд.

Хулоса, таҳлили ислоҳотҳои амалишаванда дар ноҳияи Тайлоқ нишон медиҳад, ки корҳои системавӣ дар самтҳои рушди иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коҳиш додани камбизоатӣ, ҷалби сармоягузориҳо ва навсозии инфрасохтор натиҷаҳои худро медиҳанд. Тамоми кӯшишу тадбирҳо ба баланд бардоштани даромади аҳолӣ, беҳтар намудани сифати зиндагӣ ва табдил додани ноҳия ба як минтақаи муосир ва рушдёфта равона гардидаанд.