Ангур яке аз меваҳои болаззат ва фоиданок аст. Дар таркиби ангур витаминҳо ва моддаҳои ғизоӣ бисёранд. Истеъмоли ангур барои саломатии инсон фоида дорад. Он ба қувват гирифтани бадан, беҳтар шудани кори дил ва мустаҳкам шудани масуният кӯмак мекунад.
Витамини А – барои солимии чашм, пӯст ва мустаҳкам шудани масуният муҳим аси.
Витамини С – масунияти баданро баланд мебардорад, ба зудтар шифо ёфтани захм ва ҳифзи ҳуҷайраҳо мусоидат мекунад.
Витамини К – барои лахташавии мӯътадили хун ва мустаҳкам шудани устухонҳо зарур аст.
Витаминҳои гурӯҳи В (В1, В2, В3, В6) – ба фаъолияти майна, асабҳо, дил ва мубодилаи моддаҳо кӯмак мекунад.
Витамини Е – ҳуҷайраҳоро аз таъсири моддаҳои зараровар муҳофизат карда, барои солимии пӯст ва мӯй муфид аст. Ангур дорои антиоксидантҳо, аз ҷумла полифенолҳо ва ресвератрол мебошад, ки ба муҳофизати ҳуҷайраҳо, саломатии дилу рагҳо ва паст кардани таъсири зараровари радикалҳои озод мусоидат мекунад.
Аз ин рӯ, истеъмоли ангур барои кӯдакон ва калонсолон муфид буда, ба нигоҳ доштани саломатии умумии организм кӯмак мерасонад.
Шахсони гирифтори диабети қанд – ангур миқдори зиёди қандҳои табиӣ дорад, бинобар ин бояд онро танҳо бо тавсияи духтур ва ба миқдори маҳдуд истеъмол кунанд.
Шахсони гирифтор баъзе бемориҳои меъда ва рӯда – истеъмоли зиёди ангур метавонад дар баъзе одамон боиси дамиши шикам, дарди меъда ё дарунравӣ гардад.
