СОЛИ РУШДИ МАҲАЛЛА ВА ПЕШРАФТИ ҶАМЪИЯТ
Дар шароити имрӯза бо мардум кор кардан кори саҳл нест. Сарфи назар аз ин душвориҳо, дар якчанд маҳалла вазифаи раис ба зиммаи занон аст. Яке аз онҳо Дилором Рустамова мебошад, ки ба аҳолии ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Ширинободи ноҳияи Самарқанд сарварӣ мекунад.
Худи ӯ таҷрибаи бои ҳаётӣ дорад. Техникумҳои таълими томактабӣ, тиббӣ ва саноати бофандагиро хатм кардааст ва боз дар ҳамин соҳаҳо кор ҳам кардааст. Мардум натиҷаҳои корбарии хуби ӯро ба назар гирифта, Д.Рустамоваро бори дуввум сарвари маҳаллаи худ интихоб карданд.
Дар ин маҳаллаи ноҳияи Самарқанд, ки даромадгоҳаш аз канори шоҳроҳи Тошканд-Қаршӣ (M378) оғоз мешавад, 522 хонавода, 628 оила ва 2644 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Сокинони маҳалла ба сабзавоткорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ тахассус доранд.
Маҳаллаи Ширинобод ба 3 минтақаи истиқоматӣ тақсим шудааст ва деҳаҳои Навобод, Наврӯз ва Илонсойро дар бар мегирад. Бо роҳбарии раис ва фаъолони маҳалла дар толори маҷлисгоҳи бинои маҳалла «Дӯкони дӯзандагӣ» ташкил карда шудааст ва филиали Маркази омӯзиши касбии Ҷомбой таъсис ёфтааст. Ҳоло коромӯзони аввалини он таҳсилро ба охир мерасонанд.
Дар маҳалла бо мақсади таъмини шуғли аҳолӣ ба Баҳора Мустафоқулова 1 мошини дӯзандагӣ бо субсидия ҷудо карданд. Шӯҳрат Аҳадов дар дил нияти ташкили видеостудия дошт. Барои харидани компутер ва ташкили кор 20 миллион сӯм қарзи имтиёзнок гирифта, корро ба роҳ монд. Барои рушди сектори хизматрасонӣ дар деҳаи Илонсой фермаи шутурпарварӣ ва истеҳсоли шири шутуру қимиз ташкил карда шуд. Корҳои пешакӣ барои ташкили самти сайёҳӣ, аз ҷумла, агротуризм анҷом дода мешаванд.
з рӯи маълумоти ёрдамчии ҳокими маҳалла Бекмурод Суяров, дар охири соли равон шумораи одамоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта буданд, 114 нафарро ташкил карданд. Дар маҳалла 25 субъекти соҳибкорӣ фаъолият дорад, ки яке аз калонтарини онҳо корхонаи мурғпарварии «Илонсой-ломанн-паранда» мебошад. Аз рӯи драйвери маҳалла шумораи шахсоне, ки худро бо кор таъмин кардаанд, 286 нафар ва кормандони корхонаву ташкилотҳо 678 нафарро ташкил медиҳанд. Шумораи шаҳрвандони бекор 12 нафар аст.
Азбаски манбаи даромади иловагии мардум замини наздиҳавлигӣ аст, дар ин бора аз раис пурсидем:
— Дар ихтиёри мардум тахминан 25 гектар заминҳои наздиҳавлигӣ мавҷуд аст, — гуфт раиси маҳалла Д.Рустамова. — Ҳамаи заминҳои наздиҳавлигии мардум кишт карда шудаанд. Як ҳавлӣ, аниқтараш замини наздиҳавлии Абдунабӣ Ҳакимов нокорида монд. Чунки худашон аз дунё гузаштаанд. Ҳоло ҳамсарашон Зебиойтӣ Усмонова, ки ногироӣ доранд, дар он ҳавлӣ зиндагонӣ мекунанд. Ҳамсояашон Абдусалом Ҷалилов аввал дар он парварда парвариш карда, ҳоло дар ҷои он кабудӣ кориданд.
— Барои обёрии заминҳои наздиҳавлигии маҳалла оби ҷорӣ ҳаст? — боз пурсидем аз раис.
— Вақтҳои баҳор об мешавад. Вале дар дигар фаслҳои сол ин хел нест. Барои ҳалли ин масъала мо порсол як чоҳи артезианиро ба кор андохтем. Он бо қубури 50‑миллиметрӣ оби барои заминҳои аҳолии маҳалла кифоя мебарорад. Бояд гӯям, ки маҳаллаи мо ба маҳаллаи обод дохил шуда буд. Барои ободонии маҳалла 3 миллиард сӯм маблағ ҷудо карданд. Аз ҳисоби ҳамон пул 1800 метри ҷӯйборҳоро бетон кардем. Умуман, роҳбарии ин гуна корҳо ба зиммаи сардорони кӯчаҳо аст. Сардори кӯчаҳои маҳаллаи мо Шербой Рустамов, Абдушукур Ҷалилов, Ворис Эгамов ва дигарон корҳоро фаъолона иҷро мекунанд.
— Дар маҳалла корҳои таъмиру сохтмонҳои зиёде амалӣ шудаанд. Маҳалларо қариб, ки шинохта намешавад…
— Бале, роҳҳоро асфалтпӯш намудем. Роҳҳои дохилии худи ҳамин маҳалла 4,5 километр аст. Каналҳои обгузарро бетонпӯш кардем. Симчӯбҳои хатти барқро бо оҳану бетониаш иваз намудем. Ҳоло асфалтпӯш кардани як километр роҳ боқӣ мондааст. Дар қади роҳҳо курсиҳо ва дар назди ҳар кадомаш қуттиҳои партов гузоштем. Ҳамаи инро мо барои аҳолии худ пешбинӣ кардем. Бовар мекунед, ҳар бегоҳ як 15–20 нафар мардҳо, тахминан 5–6 нафари дигар бо велосипедҳояшон ба сайр мебароянд. Дар ин гуна гардишҳои бегоҳирӯзӣ занҳо ҳам фаъоланд. Онҳо хурду калон 18–20 нафарро ташкил мекунанд. Мо ду кӯчаи калон дорем. Бо якеаш ба шоҳроҳи асосии Тошканд-Қаршӣ баромада, бо дигараш ба хонаҳояшон бармегарданд. Дар роҳ монда шаванд, дар харакҳо нишаста, дам мегиранд ва бо якдигар суҳбат мекунанд.
— Шумо зан ҳастед, ба маъракаҳои тӯю сур ва ё азо чӣ хел роҳбарӣ мекунед? Дар ин бобат чӣ мушкилиҳо вуҷуд доранд?
— Дар сари тамоми маъракаҳо худам меистам. Баъд дар ҳамин деҳаи Навободамон 7 нафар сардори кӯчаҳо ҳастанд. Онҳо ҳама одамони аҳли фаҳм буда, муайян кардани рӯзи тӯй, андозу бардор ва корҳои ташкилии дафнро худашон бемалол ба ҷо меоранд. Дар маҳаллаҳои Наврӯзу Илонсой ҳам ҳамин хел, сардорони кӯчаҳо тамоми масъалаҳоро ба таври бояду шояд ҳал мекунанд. Умуман, мо кӯшиш мекунем, ки тӯйҳо дар хонадонҳо, камхарҷу пурмазмун гузаранд. Маъракаҳои азо ҳам ҳамин хел. Баъди бегоҳи се мефармоем, ки дег наовезанд. Фотиҳахонҳо омада, як пиёла чой нӯшида рафтан гиранд. Маъракаҳои 20‑у 40‑ро ҳам як карда, бо хешу табор мегузаронанд.
Б.ҶУМЪАЕВ
Мақсад — ҳаёти осоиштаву фаровонии аҳолӣ
