Ovozi.uz

Бо ҳайати Индонезия дурнамои ҳамкорӣ баррасӣ гардид

Ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев бо ҳайати вакилон таҳти роҳбарии Аҳмад Музанӣ, раиси Шӯрои машварати халқии Ҷумҳурии Индонезия мулоқот баргузор намуд.

Дар оғози вохӯрӣ Аҳмад Музанӣ махсус таъкид кард, ки ба Самарқанд бо пешниҳоди ҳокими вилоят А.Бобоев, ки зимни сафари ҳайати вилояти Самарқанд ба Индонезия гузашта буд, ташриф овардааст.

Дар мулоқот масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла густариши робитаҳо дар самти сайёҳии зиёратӣ, ҳамаҷониба баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо доир ба ташкили боз ҳам самараноки сафарҳои зиёраткунандагони индонезиягӣ ба Самарқанд, бахусус ба маҷмааи Имом Бухорӣ, инчунин табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкорӣ дар ин самт мубодилаи афкор анҷом доданд.

Пас аз анҷоми вохӯрӣ бо уламои динии аз Индонезия омада низ мулоқот баргузор гардид. Дар он роҷеъ ба шароити фароҳамшуда барои зиёраткунандагони индонезиягӣ сухан рафт.

Дар доираи барномаи сафар аъзои ҳайат дар Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии Имом Бухорӣ бо уламои динии вилоят низ мулоқот хоҳанд кард. Ҳамчунин меҳмонон аҷмааи Имом Бухориро зиёрат намуда, аз меҳмонхонаи “Hotel Kampoeng Indonesia – Samarkand”, ки дар ҳудуди ин маҷмаа фаъолият мекунад, боздид мекунанд.

Илова бар ин, меҳмонон бо мақсади аз наздик шинос шудан бо иқтидори саноатӣ ва сармоягузории вилояти Самарқанд аз корхонаи «SAG», як қатор корхонаҳои истеҳсолӣ ва инчунин иншооти ҷудокунӣ ва бастабандии меваю сабзавот боздид менамоянд.