Ovozi.uz

Дар Гурҷистон сафоратхонаи Ӯзбекистон кушода мешавад

Шавкат Мирзиёев бо сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе музокира кард ва ҷонибҳо дар бораи ба сатҳи нав расонидани ҳамкории ду кишвар ба мувофиқа расиданд.

Дар ин мулоқот қарор қабул карда шуд, ки дар Гурҷистон сафоратхонаи Ӯзбекистон таъсис мегардад.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар солҳои оянда ҳаҷми тиҷорати мутақобила то 1 миллиард доллар афзоиш ёфта, ҳамкориҳои нақлиётӣ ва транзитӣ густариш меёбад. Инчунин, аз имкониятҳои бандарҳои Поти ва Батуми фаъолона истифода бурда мешавад ва лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои ҳамкории саноатӣ, сармоягузорӣ, энергетика, кишоварзӣ, технологияҳои иттилоотӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо амалӣ мегарданд.

Барои амалӣ кардани ҳамаи созишномаҳое, ки дар натиҷаи музокирот ба даст омадаанд, «харитаи роҳ»-и муштарак таҳия карда мешавад.