Ovozi.uz

Вохӯрии ҳоким ва соҳибкорон

Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев бо вакилони субъектҳои соҳибкории ноҳияи Ургут вохӯрӣ баргузор кард.

Дар он роҳбарони органҳои прокуратура ва ташкилотҳои вилоятию ноҳиявӣ иштирок намуданд. Соҳибкорон роҷеъ ба мушкилоте, ки дар фаъолияти худ рӯбарӯ мешаванд, инчунин ташаббусу пешниҳодҳои гуногунро баррасӣ карданд.

Оид ба масъалаҳои матраҳкардаи соҳибкорон ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Барои ҳалли масъалаҳо дар ҷойи худ ва бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда муҳлатхо муқаррар карда шуданд.