Дар штати Огайо мошини боркаш, ки ронандааш Бекзод Асророви 42-сола буд, бо мошини сабукрави русуми Honda Accord бархӯрд. Дар натиҷа футболбози 21-сола Тобиас Форсайт ҳалок шудааст. Мувофиқи хабарҳо ронанда пас аз воқеа, кӯшиш кардааст, ки далелҳоро нест кунад.
Кормандони идораҳои ҳуқуқу тартибот ба ҷое, ки ҳодиса рӯй дода буд, омада, муайян намуданд, ки Б.Асроров забони англисиро намедонистааст. Аз ҳамин сабаб барои мулоқот бо ӯ аз хидмати Google Тарҷумон истифода бурдаанд.
Вазири нақлиёти ИМА Шон Даффи ба ин фоҷиа муносибат баён намуда, пешниҳод кард, ки агар муҳоҷирон забони англисиро надонанд, ба онҳо ба сифати ронандаи мошини боркаш кор карданро ман кунанд.
— Ба ронандагон, ки чун Асроров навиштаҷоти дар нишонаҳои роҳ навиштаро хонда ё ки бо ходимони политсия ба забони англисӣ мулоқот карда наметавонанд, дар роҳҳои магистралии Америка ба идораи машинаҳои боркаши 36 тоннаӣ роҳ дода наметавонем, — гуфтааст Шон Даффи.
