Ин рӯз бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид 11-уми июли соли 1987 таъсис ёфтааст ва ба рӯзе рост меояд, ки аҳолии сайёра ба 5 миллиард нафар расид.
Ин рӯйдоди рамзӣ дар таърихи демографияи ҷаҳонӣ боиси он шуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бештар ба масоили марбут ба рушди аҳолӣ, таҳаввулоти иҷтимоӣ, масъалаи муҳоҷират, захираҳои табиӣ ва таъсири афзоиши аҳолӣ ба муҳити зист таваҷҷуҳ кунад.
Дар 20-солагии таъсисёбии он, яъне 11-уми июли соли 2007, шумораи аҳолии ҷаҳон тақрибан ба 6,7 миллиард расид. Соли 2022, ин рақам аз 8 миллиард нафар ҳам гузашт. Ҳоло, тибқи маълумоти СММ, солона аҳолии ҷаҳон ба ҳисоби миёна 83 миллион нафар зиёд мешавад. Пешгӯиҳо нишон медиҳанд, ки то соли 2030 аҳолӣ ба 8,6 миллиард, то 2050 ба 9,8 миллиард ва то 2100 ба 11,2 миллиард мерасад.
