Мақомоти маҳаллӣ захираи доруҳои зидди газидани морро афзоиш дода, низоми расонидани ёрии таъҷилии тиббиро барои осебдидагон ба роҳ мондаанд.
Дар ҳоле ки дар ҷануби Хитой боронҳои шадид ва обхезиҳо идома доранд, аз чанд фермаи парвариши мор садҳо морҳо, аз ҷумла кобраҳои заҳрнок, фирор кардаанд.
Мувофиқи маълумоти расонаҳои давлатии Хитой, фермаи парвариши мори шаҳри Ҳэнчжоуи вилояти мухтори Гуанси-Чжуан бар асари боронҳои пайдарпайи чандрӯза зери об мондааст.
Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шудаанд, дида мешавад, ки сокинони маҳаллӣ бо истифода аз тӯрҳо морҳоро аз ҷараёни оби лойолуд мегиранд. Ҳамчунин, дар яке аз наворҳо кобрае мушоҳида мешавад, ки сарашро аз рӯи об берун овардааст.
Гуфта мешавад, ки дар байни морҳои фироркарда морҳои обӣ, морҳои каламушхӯри шоҳона (King rat snake) ва кобраҳо низ ҳастанд.
Яке аз сокиноне, ки аз газидани мор осеб дидааст, гуфтааст: «Дар як вақт садҳо мор фирор карданд. Ман шахсан панҷ ё шаштояшро дидам.»
Ба гуфтаи ӯ, рӯзи 7-уми июл, ҳангоми тоза кардани партовҳо дар ошёнаи якуми хонааш, кобра ӯро газидааст.
Тибқи хабарҳо, пас аз гузаштани тӯфон, чандин нафар бо сабаби газидани мор ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат кардаанд.
Ин ҳодиса баъд аз обхезиҳои шадид дар вилояти Гуанси рух додааст. Дар ду обанбори минтақа сатҳи об аз меъёр боло рафта, як қатор деҳаҳо зери об мондаанд.
Дар натиҷаи офатҳои табиӣ дасти кам 38 нафар ҳалок, зиёда аз 50 ҳазор нафар ба ҷойҳои бехатар кӯчонида ва 6 нафари дигар бедарак шудаанд.
Мақомоти шаҳри Ҳэнчжоу ҳушдор додаанд, ки бар асари обхезиҳо морҳои заҳрнок, аз ҷумла кобраҳо, крайтҳо ва морҳои сабз, дар минтақаҳои аҳолинишин паҳн шудаанд. Ба сокинон тавсия дода шудааст, ки ба морҳо наздик нашаванд ва барои дастгир кардани онҳо мустақилона ҳаракат накунанд.
Мақомоти маҳаллӣ захираи доруҳои зидди газидани морро зиёд намуда, низоми расонидани ёрии таъҷилии тиббиро барои ҳамаи осебдидагон ба роҳ мондаанд.
