Дастаи мунтахаби футболи Англия дар марҳилаи чаҳорякниҳоии Ҷоми ҷаҳон бо натиҷаи 2 бар 1 Норвегияро шикаст дод ва ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт.
Ҳарду голи инглисҳоро дар ин дидор, ки шаби гузашта дар шаҳри Майамии Америка баргузор шуд, Ҷуд Беллингем, футболбози дастаи «Реал Мадрид» ва дастаи миллии Англия ба самар расонд ва «дубл»-ро ба номаш сабт кард.
Навад дақиқа вақти асосии бозӣ бо натиҷаи мусовии 1:1 поён ёфта, вохӯрии дастаҳо ба 30 дақиқа вақти иловагӣ кашида шуд. Беллингем голи дуюми Англияро дар дақиқаи сеюми иловагӣ зад ва бо ҳамин то охир дигар ҳисоб тағйир наёфт.
Баъдӣ бозӣ Беллингем беҳтарин бозикуни дидор дониста шуд.
Ҳамакнун, инглисҳо дар марҳилаи нимниҳоӣ бо Аргентина, ки Шветсарияро бо ҳисоби 3 бар 1 мағлуб кард, мубориза хоҳад бурд.
Ба голҳои Аргентина А.Мак Аллистер (дар дақиқаи 10), Х.Алварес (112), Л.Мартинез (120+1) ва ба голи ягонаи Шветсария Б.Эмболо (72) муаллифӣ карданд.
