Ovozi.uz

Барои довталабон имтиҳонҳои тестӣ оғоз шуданд

Дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ имтиҳонҳои тестии дохилшавӣ ба муассисаҳои давлатии таҳсилоти олӣ ва касбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли таҳсили 2026–2027 оғоз гардиданд.

Аз ҷумла, дар вилояти Самарқанд 71 ҳазору 848 нафар довталаб дар имтиҳонҳо иштирок мекунанд.

Озмоишҳои тестӣ ҳар рӯз дар ду баст баргузор мешаванд:

Басти якум — аз соати 08:00 то 11:00;
Басти дуюм — аз соати 15:00 то 18:00.

Довталабон бояд ба макони баргузории имтиҳон на камтар аз якуним соат пеш аз оғози тест бо шиноснома (ID-карта) ва рухсатномаи довталаб ҳозир шаванд ва пас аз гузаштан аз санҷишҳои зарурӣ:

дар басти якум — то соати 07:30;
дар басти дуюм — то соати 14:30

дар ҷойҳои муайяншудаи худ қарор гиранд.

Довталабоне, ки бо нусхаи шиноснома ё дигар ҳуҷҷатҳои ғайриқобили қабул ҳозир мешаванд, инчунин онҳое, ки дер меоянд, ба озмоиши тестӣ роҳ дода намешаванд.

Ҷараёнҳои имтиҳонҳо пурра таҳти назорати видеокамераҳо баргузор гардида, ҳамзамон ба таври онлайн пахш мешавад. Пахши мустақим тавассути сомонаи test2026.uz анҷом дода мешавад.

Дар Самарқанд имтиҳонҳои тестӣ дар суроғаҳои зерин баргузор мегарданд:

Вуруд ба биноҳои №1–2: https://yandex.uz/maps/-/CHgLmO0q
Вуруд ба биноҳои №3–5: https://yandex.uz/maps/-/CHghFJ-j
Вуруд ба бинои №6: https://yandex.uz/maps/-/CHgLuYiA