Дар боғи «Ватанпарвар»-и шаҳри Самарқанд маросими тантанавии ифтитоҳи боғи муосири фароғатӣ, ки дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад, баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳ ҳокими вилоят ва шаҳр, роҳбарони масъул ва намояндагони доираҳои васеи ҷомеа иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки дар ин боғи фароғатӣ кӯли сунъӣ, пули шишагини болои кӯл бо дарозии 85 метр ва баландии 25 метр, боғи ҳайвонот бо намудҳои гуногуни ҳайвонот ва парандагон, чархфалаки азим барои тамошои манзараи шаҳри Самарқанд, автодром ва майдони картинг бунёд шудаанд.
