Дар шаҳри Самарқанд бахшида ба Имом Мотуридӣ бо технологияҳои баланди интерактивӣ музей месозанд. Лоиҳа дар конференсияи байналмиллалӣ, ки дар доираи Форуми I байналмилалии тамаддуни ислом баргузор гардид, пешниҳод карда шуд.
Консепсияи музей дар ҳамкорӣ бо дизайнерҳои Туркия таҳия гардида, дар он реалии иловагӣ (АR), технологияҳои мултимедиа ва инсталлятсияҳои рақамӣ истифода бурда мешаванд. Онҳое, ки ташриф меоранд, ба ҷои экспонатҳои классикӣ дар формати интерактивӣ бо муҳити илмии Мовароуннаҳр ва таърихи таълимоти Мотуридӣ шинос мешаванд.
Лоиҳа як қисми барномаи тармими маҷмӯаи мемориалии Имом Мотуридӣ ва қабристони Чокардиза ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо мақбараи муаллифи асари «Ҳидоя» Бурҳониддин Марғинонӣ, ки бостоншиносон муайян намудаанд, низ аз нав барқарор карда мешавад.
Ба фикри муаллифон музейи нав барои ба ҷамоатчигӣ васеъ бо усули замонавӣ фаҳмондани таълимоти Мотуридӣ, афзудани шумори олим ва зиёратчиёни хориҷӣ, ки ба Самарқанд меоянд ва тарғиби ғояҳои фарохдилӣ ва мӯътадилӣ дар байни ҷавонон хизмат мекунад.
