Ҷоми ҷаҳонии футбол аз гаронарзиштарин ҷоизаҳои варзишӣ ба шумор меравад. Он 6,18 килограмм вазн дошта, тақрибан 5 килограммаш тиллои тоза мебошад. Ҷом аз тиллои 18-карата (750 проба) рехта шуда, пояи он бо ду қабати малахит оро ёфтааст. Арзиши мавод ва кори сохтани он имрӯз тақрибан ба 750 ҳазор доллари ИМА мерасад.
Аммо дар варзиши ҷаҳон боз чанд ҷоизаи дигари гаронарзиш низ мавҷуданд.
2. Ҷоми тиллоии Kentucky Derby (аспдавонӣ) — тақрибан 650 ҳазор доллар

Ин ҷоиза ҳар сол аз нав сохта мешавад ва ба соҳиби аспи ғолиб барои ҳамешагӣ супурда мешавад. Кубок 56 сантиметр баландӣ дошта, аз тиллои 14-карата (585 проба) сохта шуда, қариб 1,7 килограмм вазн дорад. Пояи он аз нефрит омода шудааст. Барои сохтани ҳар як ҷом устоҳои заргар зиёда аз 200 соат меҳнат мекунанд.
3. Diamond Games (теннис) — тақрибан 600 ҳазор доллар

Ин ҷоиза дар шакли ракеткаи теннис бо андозаи воқеӣ сохта мешавад. Он тақрибан аз 4 килограмм тиллои холис рехта шуда, бо 1700–2008 алмоси табиӣ оро меёбад. Насби чунин миқдор алмос ҳафтаҳо заҳмати заргарони баландихтисосро талаб мекунад. Ин ҷоиза то соли 2015 дар мусобиқаи WTA дар Антверпен супурда мешуд.
4. Ҷоми The Ryder Cup (голф) — тақрибан 200 ҳазор доллар

Ин яке аз бонуфузтарин ҷоизаҳои голф буда, дар муддати ҳар ду сол дастаҳои ИМА ва Аврупо барои он рақобат мекунанд. Ҷом 43 сантиметр баландӣ дошта, пурра аз тилло сохта шуда, тақрибан 1,8 килограмм вазн дорад. Он соли 1927 аз ҷониби устоҳои англис сохта шудааст.
5. Borg-Warner Trophy («Инди-500») — тақрибан 150 ҳазор доллар

Ин ҷоиза ба ғолиби мусобиқаи машҳури «500 мили Индианаполис» тақдим мешавад. Ҷом 163 сантиметр баландӣ ва тақрибан 50 килограмм вазн дошта, асосан аз нуқраи дараҷаи олӣ (925 проба) омода мегардад. Ҳар сол пас аз мусобиқа ҳайкалтарош чеҳраи ғолиби навро аз нуқра сохта, ба ҷом илова мекунад. Айни замон дар рӯи он зиёда аз 110 чеҳраи нуқрагини чемпионон ҷойгир аст.
