Аз моҳи апрели соли 2026 бар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 5-уми сентябри соли 2024 «Дар бораи татбиқи механизмҳои суғуртаи давлатии тиббӣ» таҳти рақами 149, механизми суғуртаи давлатии тиббӣ марҳила ба марҳила дар тамоми қаламрави Ӯзбекистон роҳандозӣ мешавад. Он дар вилояти Самарқанд аз 1-уми июли соли гузашта роҳандозӣ гардида буд.
Мақсади ислоҳоти мазкур баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, таъмини дастрасии баробари аҳолӣ ба ёрии тиббӣ ва истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ мебошад. Ғайр аз ин, роҳандозии механизмҳои суғуртаи тиббӣ, пеш аз ҳама, шаффофияти сифати хизмати тиббӣ ва самарадории онро таъмин мекунад. Инчунин, суғуртаи тиббӣ арзиши хизматрасонии тиббиро коҳиш дода, ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки дар муассисаҳои тиббии интихобкардаи худ хидмати босифати тиббӣ гиранд. Яъне, хидмати духтурони оилавӣ, ёрии таъҷилии тиббӣ, муоинаи профилактикӣ ва баъзе доруҳоро давлат таъмин мекунад. Мақсади асосии суғуртаи тиббӣ дастрасии ба хидматҳои тиббӣ ройгон ё имтиёзноки табақаҳои камдаромад, бекор ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ ниёзманд низ мебошад.
Дар доираи низоми нави суғуртаи давлатии тиббӣ Фонди давлатии суғуртаи тиббӣ ҳамчун харидори ягонаи хизматрасониҳои тиббӣ фаъолият хоҳад кард. Яъне, фонд аз муассисаҳои давлатии тиббӣ ва дар ҳолатҳои муайян аз муассисаҳои хусусии тиббӣ хизматрасониҳои тиббиро харидорӣ намуда, маблағи онҳоро пардохт мекунад. Ин тартиб барои баланд бардоштани рақобат, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва истифодаи шаффофи маблағҳо мусоидат менамояд.
Дар низоми нав роҳхатҳои электронӣ ҷорӣ мешаванд. Бемор аввал ба духтури оилавӣ муроҷиат мекунад ва дар ҳолатҳои зарурӣ духтур ба мутахассиси соҳавӣ ё муассисаи беморхонавӣ роҳхати электронӣ медиҳад. Ҳамчунин, доруворӣ дар асоси дорухати электронӣ пешниҳод гардида, арзиши доруҳои ба баста (пакет)-и кафолатнок дохилшуда аз ҳисоби Фонди давлатии суғуртаи тиббӣ пардохта мешавад.
Яке аз унсурҳои асосии ислоҳот бастаи кафолатноки хизматрасониҳои тиббӣ мебошад. Ба ин баста хизматрасониҳои тиббӣ ва дорувориҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришуда дохил мешаванд. Барои гирифтани ин хизматрасониҳо аз шаҳрвандон маблағи иловагии суғуртавӣ ситонида намешавад, зеро онҳо аз ҳисоби андозҳо ба буҷети давлатӣ таъмин карда мешаванд.
Инчунин, дар доираи ислоҳот низоми платфорамаи электронӣ роҳандозӣ мегардад. Ин тадбир ба рақамикунонии соҳаи тандурустӣ, шаффофияти хизматрасонӣ ва беҳтар шудани сифати нигоҳубини беморон мусоидат хоҳад кард. Ғайр аз ин, шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, ки шифокори оилавии худро интихоб кунанд. Пештар агар ба мавзеъ як шифокори оилавӣ мутасаддӣ бошад, шаҳрвандон ҳатман ба ҳамон шифокор муроҷиат менамуданд. Ҳоло ин тавр нест, бемор метавонад аз хонаи худ ба воситаи телефони кисагӣ шифокори оилавиро интихоб ва ба навбат нависонад. Ин дар навбати худ шифокору ҳамшираҳоро водор месозад, ки худомӯзӣ намоянд ва малакаву донишашонро сайқал диҳанд.
Абдулло ЮСУПОВ,
мудири шуъбаи ҷарроҳии рӯйу ҷоғи Шифохонаи марказии шаҳри Самарқанд
