Ovozi.uz

Гулобод: Аз таъсис то имрӯз

Рӯзномаи «Овози Самарқанд» меҳмони маҳаллаи Гулобод

Маҳаллаи Гулобод яке аз маҳаллаҳои ободу пешсафи ноҳияи Самарқанд мебошад. Он бо маҳаллаҳои Даштиобод, Ширинобод, Янгиҷой ва Янгиариқ ҳамсарҳад буда, дар маркази ноҳия ҷойгир аст.

Маҳалла соли 1986 таъсис ёфта, ҳамчун маҳалла соли 1996 тасдиқ гардидааст. Таърихи он ба солҳои 70‑уми асри гузашта рост меояд. То давраи истиқлолият маҳалла номи Навободро дошт. Соли 1991 номи Гулободро гирифт. Аз соли 2014 аз таркиби маҳаллаи Даштаки боло баромада, ҳамчун маҳаллаи мустақил фаъолият мебарад.

Имрӯз дар 1150 хонадони ҳудуди маҳалла беш аз 5400 нафар (аз онҳо 3014 нафар занҳо, 2869 нафар ҷавонон) одам зиндагӣ мекунанд. Дар маҳалла намояндагони миллатҳои гуногун дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ умр мегузаронанд.

Инфрасохтори иҷтимоӣ

Дар маҳалла ба таълиму тарбия ва ҳифзи саломатии аҳолӣ эътибори ҷудогона нигаронида мешавад. Мактаби таълими умумии рақами 38, мактаби бачагонаи мусиқии рақами 12 ва ташкилоти томактабии рақами 15, инчунин, ташкилотҳои томактабии хусусии «Камелот», «Палма», «Парвоз» дар тарбияи насли наврас саҳми арзанда доранд.

Дар ҳудуди маҳалла шифохонаи оилавии рақами 8 фаъолият мебарад ва ба аҳолӣ хизматҳои аввалини тиббӣ мерасонад. Муассисаи номбурда барои ҳифзи саломатии сокинон ва пешгирии бемориҳо саҳми муҳим дорад.

Ғайр аз ин дар ҳудуди маҳалла биноҳои ҳокимият ва прокуратураи ноҳия, қабулхонаи халқ, шӯъбаи шуғли аҳоли ва ихтисори камбизоатӣ, шӯъбаи молия ва филиали «Агробанк» ҷойгир буда, ҳар рӯз ба ҳазорҳо нафар муроҷиаткунандагон хизмат мерасонанд. Бояд гуфт, ки дар маҳалла воқеъ будани чунин муассисаҳо аҳамияти стратегии маҳалларо дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ноҳия боз ҳам бештар мегардонад.

Ҳифзи иҷтимоӣ — дар маркази эътибор

Дар маҳалла масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дастгирии оилаҳои камбизоат дар маркази таваҷҷӯҳ қарор доранд. Бо ин мақсад фаъолияти «Дафтари ҷавонон», «Дафтари занон» ва «Дафтари оҳанин» ба роҳ монда шудааст.

Ҳоло дар «Дафтари ҷавонон» 14 нафар, дар «Дафтари занон» 158 нафар ва дар «Дафтари оҳанин» 4 нафар ба қайд гирифта шудаанд. Илова бар ин, дар ҳудуди маҳалла 112 оилаи камтаъмин зиндагӣ мекунанд, ки вазъи муаммоҳои онҳо пайваста мавриди омӯзиш қарор гирифта, барои ҳаллашон чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Бо мақсади дастгирӣ ба онҳо дар масъалаҳои шуғл, соҳибкорӣ, омӯзиши касбу ҳунар ва беҳтар намудани шароити зиндагӣ кумак расонида мешаванд. Аз ҷумла, занону ҷавонони ба дастгирӣ ниёзмандро ба курсҳои омӯзишӣ ҷалб карда, барои дарёфти манбаи зиндагӣ кӯмак мерасонанд.

— Мақсади асосии мо танҳо ба қайд гирифтани шаҳрвандони эҳтиёҷманд нест, балки кумак ба онҳо барои пайдо кардани ҷойи кор, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва баланд бардоштани фаъолии иҷтимоии онҳо мебошад, — гуфт раиси маҳалла Саодат Ғаниева. — Мо кӯшиш мекунем, ки ягон оила ё шаҳрванд аз эътибор дур намонад.

Савдо ва истеҳсолот — асоси рушди маҳалла

Драйвери асосии иқтисодии маҳалла соҳаҳои савдо ва истеҳсолот ба ҳисоб мераванд. Дар ҳудуди Гулобод нуқтаҳои савдо, устохонаҳои хизматрасонии техникӣ, коргоҳҳои истеҳсоли мебел, гармхона, тарабкада, сартарошхона ва дигар марказҳои хизматрасонӣ фаъолият доранд.

Фаъолияти тадбиркорон ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ривоҷи иқтисоди маҳалла хизмат мекунад. Солҳои охир ҳаҷми хизматрасонӣ ва истеҳсолот афзоиш ёфта, барои ҷавонон имкониятҳои нави соҳибкорӣ низ фароҳам оварда шуданд.

Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА