Дар Ӯзбекистон дар моҳҳои январ–июли соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия ба 7 миллиард кВт/соат расид. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 фоиз зиёд аст.
Айни ҳол дар кишвар 21 неругоҳи барқии барқароршаванда бо иқтидори умумии 5 ҳазору 602 мегаватт фаъолият дорад. Аз ин шумора 15 неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 3 ҳазору 930 мегаватт ва 6 неругоҳи бодӣ бо иқтидори 1 ҳазору 672 мегаватт мебошанд.
Бояд гуфт, ки тайи чор соли охир ва дар давраи гузаштаи соли 2026 беш аз 23,4 миллиард кВт/соат неруи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол шудааст. Дар натиҷа 6,24 миллиард метри мукааб гази табиӣ сарфа гардида, партоби 13,46 миллион тонна газҳои зараровар ба атмосфера пешгирӣ шудааст.
