Ovozi.uz

Идораи рӯзнома — хонаи дуввуми ӯ

Ҳар субҳ дар идора якхела оғоз меёбад. Рӯзноманигорон сатрҳои охирини матлабҳои худро ба анҷом мерасонанд, муҳаррирон маводро бори дигар бодиққат мутолиа мекунанд, саҳифабандон шумораро барои чоп омода месозанд. Сипас, навбати шахсе мерасад, ки шумораи навбатии рӯзномаро сатр ба сатр бодиққат мехонад. Кори ӯ барои хонанда қариб ноаён аст, аммо маҳз аз заҳмати ӯ дурустии ҳар калима, ҳар ному насаб ва ҳар сана вобаста мебошад.

Қариб панҷоҳ сол аст, ки чунин масъулиятро яке аз фаъолони Маркази тоторҳои вилояти Самарқанд, мусаҳҳеҳи калони таҳририяти муштараки рӯзномаҳои вилоятии «Зарафшон» ва «Самаркандский вестник» Рим Мунирович Мустакимов бо садоқат иҷро мекунад.

Чанде пеш меҳнати чандинсолаи ӯ бо қадрдонии баланди давлатӣ арҷгузорӣ гардид. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рим Мунирович бо ордени «Дӯстлик» сарфароз гардонида шуд. Ин мукофоти олӣ ба ӯ барои саҳми арзанда дар рушди озодии сухан ва матбуот, таҳкими принсипҳои ошкорбаёнӣ ва шаффофият, фаъолияти самараноки ҷамъиятӣ ва садоқати чандинсолаи касбӣ тақдим гардид. Аммо пушти ин ҷумлаҳои расмӣ як умри пурмазмун қарор дорад, ки саропо ба хизмати сухан ва матбуот бахшида шудааст.

Касбе, ки ба сарнавишт табдил ёфт

Рим Мунирович соли 1977 ба идораи рӯзнома қадам гузошт. Он замон ҷавоне буд, ки ҳатто тасаввур намекард ҳамин ҷо қариб тамоми умри худро сипарӣ мекунад. Аввал ба ҳайси китобдор фаъолият намуд ва баъдан касби мусаҳҳеҳиро аз худ кард. Дар ин муддат наслҳои зиёди рӯзноманигорон, муҳаррирон иваз шуданд, мошинкаҳои чопӣ ҷойи худро ба компутерҳои муосир доданд, технологияҳои нашри рӯзнома дигар шуданд, аммо як чиз ҳамеша бетағйир монд — эҳтироми ӯ ба сухан ва ҳисси баланди масъулият дар назди хонанда.

— Иштибоҳ танҳо дар назари аввал хурд менамояд, — мегӯяд Рим Мунирович. — Агар инсон ба рӯзнома эътимод дошта бошад, мо ҳақ надорем ин эътимодро аз даст диҳем.

Маҳз ҳамин усул солҳо роҳнамои фаъолияти ӯст. Барои ӯ мусаҳҳеҳӣ танҳо касб нест, балки масъулияти ҳаррӯза барои сифати ҳар шумораи рӯзнома, обрӯи нашрия ва эҳтиром ба хонанда мебошад.

Ӯро дар таҳририят “Дядя Рим” меноманд

Дар идора ӯро кайҳо боз бо меҳр “Дядя Рим” (Рим-амак) меноманд. Ин муроҷиат на аз рӯйи синну сол, балки аз эҳтироми самимии ҳамкорон ба вуҷуд омадааст.

— Вақте ба ин ҷо омадам, хеле ҷавон будам, — ба ёд меорад ӯ. — Бо муҳаррирон, рӯзноманигорон ва кормандони зиёди техникӣ ҳамкорӣ кардам. Шоҳиди он будам, ки ҷавонон қадамҳои нахустини худро дар рӯзноманигорӣ гузошта, баъдан ба устодони ҳақиқӣ табдил ёфтанд, оила барпо карданд, фарзанд ба воя расониданд. Мо идҳоро якҷо таҷлил мекардем, рӯзҳои душворро якҷо паси сар менамудем ва дастгири ҳамдигар будем. Мутаассифона, имрӯз бисёре аз ҳамкорони мо дигар дар канорамон нестанд, аммо хотираи онҳо ҳамеша дар дилу ёдҳо боқист.

Барои Рим Мунирович идораи рӯзнома кайҳо боз ба хонаи дуюмаш табдил ёфтааст. Қисми зиёди умри ӯ маҳз дар ҳамин ҷо гузаштааст.

Дар ҳамин ҷо дӯстони самимие пайдо кардааст, ки бо онҳо беҳтарин хотираҳои зиндагӣ пайванд шуданд.

Рӯзноманигорони ҷавон мегӯянд: ҳар боре ки матлаби худро барои мутолиа ба «Дядя Рим» месупоранд, боварӣ доранд, ки ӯ на танҳо хатоҳоро ислоҳ мекунад, балки ҳатман маслиҳат медиҳад, ки чӣ гуна матн боз ҳам беҳтар гардад. Ӯ ҳеҷ гоҳ бо овози баланд ҳарф намезанад ва касеро сарзаниш намекунад. Вай бо намунаи шахсии худ – эҳтиром ба забон ва касб хонандаро меомӯзонад.

Мукофоти арзанда барои садоқат ба сухан

Рим Мунировичро танҳо ҳамчун мусаҳҳехи соҳибтаҷриба намешиносанд. Ӯ солҳо боз ба эҷодиёти адабӣ низ машғул аст.

Аз зери қалами ӯ ҳикоя, очерк, лавҳа ва ҳаҷвияҳое ба вуҷуд меоянд, ки дар онҳо хислатҳои инсонӣ, лаҳзаҳои зиндагӣ ва ҳазли нозуку некбинона бо маҳорати баланд инъикос ёфтаанд.

Ордени «Дӯстлик» эътирофи шоистаи фаъолияти бисёрсолаи Рим Мунирович Мустакимов мебошад. Аммо, шояд, гаронбаҳотарин мукофот барои ӯ эҳтироми ҳамкорон, сипоси хонандагон ва дарки он бошад, ки қариб ним асри умри худро ба касби дӯстдоштааш бахшидааст.

Ӯ ҳоло низ ҳар субҳ бо ҳамон табассуме, ки дигаронро ба он даъват мекунад, вориди идораи рӯзнома мешавад. Ин табассум имрӯз рамзи муносибати ӯ ба зиндагӣ гардидааст — орому хирадмандона ва саршор аз меҳрубонӣ. Бигзор ҳар рӯзи нав барояш шодиву фараҳ оварад ва муҳаббат ба сухан, ки қариб панҷоҳ сол боз ба он содиқ аст, минбаъд низ барои ҳамкорон илҳомбахш ва барои насли ҷавони рӯзноманигорон намунаи ибрат бошад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА