— Мустаҳкам намудани муносибатҳои байни миллатҳо барои мо танҳо иҷрои вазифаи хизматӣ нест, балки масъулияти бузург дар назди ҷомеа мебошад. Мақсади асосӣ аз он иборат аст, ки ҳар як шаҳрванд, сарфи назар аз миллат, забон ё эътиқод, худро узви баробарҳуқуқи ҷомеа ҳис кунад. Аз ин рӯ, дар вилояти мо барои ҳифз ва ривоҷи забон, маданият, урфу одат ва анъанаҳои ҳамаи миллатҳо шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Бояд гуфт, ки имрӯз намояндагони миллатҳои гуногун урфу одат ва маросимҳои динии худро озодона ба ҷо меоранд. Дар вилоят 22 ибодатхонаи ғайриисломӣ фаъолият мебарад, ки ин нишонаи эҳтиром ба озодии виҷдон ва эътиқоди шаҳрвандон аст. Барои боз ҳам мустаҳкам шудани ҳамкориву ҳамҷиҳатӣ «Хонаи дӯстӣ ва ташкилотҳои нодавлативу нотиҷоратӣ» бунёд гардида, барои баргузории тадбирҳои маданӣ, омӯзиши забон ва рушди фаъолияти марказҳо имкониятҳои хуб муҳайё шудааст. Ғайр аз ин, ба масъалаи таълим ба забонҳои модарӣ низ эътибори алоҳида нигаронида мешавад. Ҳоло дар 139 мактаби таълими умумии вилоят таълим ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст. Ин ба кӯдакону наврасон имкон медиҳад, ки баробари аз худ намудани дониш забон, маданият ва худшиносии миллии худро низ ҳифз намоянд.
Достон МАЛИКОВ,
роҳбари шӯъбаи вилоятии Бунёди ҷамоатии дастгирии институтҳои
ҷамъияти шаҳрвандии назди Олий Маҷлис
***
— Ӯзбекистонро ҳамчун кишваре мешиносам, ки соҳиби таърихи бой ва маданияти қадимӣ аст. Аммо бузургтарин сарвати он мардумест, ки дар эҳтироми ҳамдигар ва дӯстиву рафоқат зиндагӣ мекунанд. Ҳамчун роҳбари маркази милливу мадании озариҳо ҳар рӯз мушоҳида мекунам, ки маданияти халқҳои мо то чӣ андоза ба ҳам наздик аст. Ифтихор дорам, ки дар кишвари ҷаннатмонанд — Ӯзбекистон зиндагӣ мекунам. То имрӯз дар ин сарзамин ягон маротиба худро бегона ҳис накардаам. Зеро ҳар боре, ки бо ташаббус ё пешниҳоде муроҷиат мекунем, ҳамеша эҳтиром ва дастгириро эҳсос менамоем. Ин муҳити орому боварибахш натиҷаи сиёсати оқилонаи Президенти мӯҳтарамамон дар самти мустаҳкам намудани муносибатҳои байни миллатҳо мебошад. Аз ин рӯ, вазифаи асосии худро дар он мебинам, ки ин риштаҳои дӯстиро боз ҳам мустаҳкам намуда, барои ободии Ватани умумии мо — Ӯзбекистон саҳм гузорам.
Рамал МИРЗОЕВ,
раиси Маркази милливу мадании озариҳо
***
— Имрӯз Ӯзбекистонро метавон кишвари тинҷу осуда, эҳтироми ҳамдигар ва ҳамзистии дӯстонаи намояндагони миллату динҳои гуногун номид. Солҳои зиёд аст, ки дар мамлакат барои таҳкими муносибатҳои байни миллатҳо, ҳифзи маданият ва анъанаҳои халқҳои гуногун корҳои муҳим амалӣ мешаванд. Барои мо Ӯзбекистон Ватани азиз аст. Дар ин ҷо барои ҳифзи забон, маданият ва анъанаҳои миллӣ шароитҳои хуб муҳайё шудааст ва мо дар ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок мекунем. Маркази милливу мадании армании «Луйс» на танҳо барои ҳифзи мероси фарҳангии арманҳо фаъолият мекунад, балки барои густариши ҳамкории фарҳангӣ низ саҳм мегузорад. Мо пайваста чорабиниҳои маданиву маърифатӣ баргузор намуда, дар ҷашнҳои умумихалқӣ ва тадбирҳои марказҳои дигари миллӣ низ иштирок мекунем. Боварӣ дорем, ки маҳз тавассути маданият, санъат ва муоширати самимӣ, эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардум боз ҳам мустаҳкам мегардад.
Армен Ашот АВАНЕСЯНЦ,
раиси Маркази милливу мадании арманиҳо
