Дар ин бора дар фармоиши раиси Шӯрои намояндагони халқи вилоят Ш.Негматов аз 4-уми августи соли 2026 «Дар бораи даъвати сессияи навбатии сиюпанҷуми Шӯрои намояндагони халқи вилоят, даъвати ҳафтум» маълум карда шудааст.
Дар рӯзномаи сессия масъалаҳои зерин баррасӣ мегарданд:
— дар бораи ҳисоботи ҷонишини ҳокими вилоят Р.Қобилов роҷеъ ба корҳое, ки барои иҷрои стратегияи «Ӯзбекистон—2030» амалӣ карда мешаванд;
— дар бораи ҳисоботи роҳбари филиали ҳудудии Ҷамъияти саҳҳомии «Ҳудудий электр тармоқлари»-и Самарқанд Э.Мамасолиев роҷеъ ба корҳое, ки дар доираи барномаи рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва истеҳсолии вилоят роҷеъ ба беҳдошти сохтори таъминоти қувваи барқ амалӣ карда мешаванд;
— дар бораи барҳам додани як қисми минтақаҳои хурди саноатии «Бахт»-и ноҳияи Нарпай, «Гӯзал»-и ноҳияи Пайариқ, «Холназар»-и ноҳияи Қӯшработ ва пурра барҳам додани минтақаи хурди саноатии «Навкат»-и ноҳияи Қӯшработ;
— дар бораи тағйир додани сарҳади маҳаллаҳои Боғбон ва Бешқӯтани ноҳияи Булунғур;
— дар бораи истифода аз манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллии вилоят;
— дар бораи додани рухсат ба гирифтани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти ҷамоатӣ.
