Мувофиқи маълумоти Кумитаи миллии омор, дар моҳҳои январ-июни соли 2026 ба Ӯзбекистон 21 ҳазору 42 нафар шаҳрвандони хориҷӣ бо мақсади таҳсил омадаанд.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,5 ҳазор нафар ё 2,2 баробар зиёд мебошад.
Дар ин давра шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсади таҳсил ба Ӯзбекистон омадаанд, аз рӯйи кишварҳо чунин аст:
➖ Туркманистон — 9 207 нафар;
➖ Ҳиндустон — 3 723 нафар;
➖ Тоҷикистон — 1 915 нафар;
➖ Хитой — 951 нафар;
➖ Ҷумҳурии Қирғизистон — 834 нафар;
➖ Покистон — 689 нафар;
➖ Миср — 603 нафар;
➖ Ҷумҳурии Корея — 526 нафар;
➖ Филиппин — 367 нафар;
➖ ИМА — 302 нафар;
➖ давлатҳои дигар — 1 925 нафар.
