Дар шаҳри Минск ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев бо ҷонишини вазири кишоварзӣ ва озуқавории Ҷумҳурии Беларус Виталий Кулак вохӯрд. Тарафҳо масъалаҳои рушди робитаҳои мустақими истеҳсолӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки аграриро баррасӣ карданд.
Аз ҷониби вилояти Самарқанд роҳандозии интиқоли васеъи чорвои зотӣ, зиёд кардани воридоти маҳсулоти гӯштӣ, инчунин ҳамкорӣ дар самтҳои селексия ва генетика пешниҳод гардид. Ширкатҳои «Chorva Sut Servis» ва «Marokand MIT» омодагии худро барои сармоягузорӣ ба маҷмааҳои чорводории вилояти Гродно ва баъдан ҷорӣ намудани таҷриба ва технологияҳои Беларус дар Ӯзбекистон изҳор намуданд.
Ҳамчунин, масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, маҳаллисозии истеҳсоли ғизои кӯдакон бо иштироки ширкати «Bellakt», инчунин густариши содироти меваҳои хушк, чормағз ва маҳсулоти амиқ коркардшуда аз Самарқанд ба бозори Беларус мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ба масъалаи таъмини техникаи кишоварзии Беларус ва ба роҳ мондани хизматрасонии сервиси он низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Дар поёни вохӯрӣ А.Бобоев ҷонишини вазири кишоварзии Беларусро барои боздид аз вилояти Самарқанд ва шиносоӣ бо майдонҳои сармоягузорӣ даъват намуд.
Ҳокимияти вилояти Самарқанд омодагии худро барои расонидани кӯмак ва дастгирии зарурӣ ба шарикони беларусӣ изҳор дошт.
