Падари кӯдак бо тани худ пораҳои девореро, ки аз заминларза фурӯ мерафт, нигоҳ дошта, кӯдак ва ҷони худро наҷот дод.
Наҷотдиҳандагон дар шаҳри Калии Колумбия кӯдаки думоҳаро дар зери харобаҳо зинда ёфтанд. Дар ин бора BILD хабар дод.
Чунон ки маълум шуд, наҷотдиҳандагон гиряи кӯдакро аз байни биноҳои харобшуда аз заминларза шуниданд. Ду корманди полис бо кумаки сокинони маҳаллӣ, сарфи назар аз шароити хатарнок, ба тоза кардани харобаҳо шуруъ карданд. Ҳангоми ҷустуҷӯ, дар ин минтақа бӯи қавии газ низ мушоҳида шуд.
Наҷотдиҳандагон падари кӯдакро дар зери тахтаҳои бетонии афтида пайдо карданд. Гарчанде ки ӯ дар зери харобаҳо буд, писари думоҳаашро сахт дар оғӯш дошт.
Яке аз кормандони полис ин ҳодисаро ба ёд овард ва гуфт, ки падар аз онҳо танҳо як чиз — наҷоти ҷони кӯдакашро хоҳиш кардааст. Наҷотдиҳандагон кӯдак ва падарашро зинда берун овардаанд.
Барои маълумот, 10-уми августи соли ҷорӣ дар Колумбия заминларзаи 7,4 дараҷаӣ ба амал омад. Тибқи маълумоти расмӣ, ҳадди ақал 240 нафар кушта ва беш аз 2600 нафар маҷрӯҳ шудаанд.
