Президент вазъиятро ниҳоят вазнин арзёбӣ кард.
Пас аз чанд рӯзи боришоти шадиди муссонӣ дар Филиппин инқирози партов ба миён омад. Дар агломератсияи пойтахт — шаҳри Манила ва минтақаҳои атрофи он миқдори зиёди партовҳо дар ҳавзҳои об ҷамъ шудаанд.
Коргарон талош доранд, пеш аз расидани партовҳо ба истгоҳҳои насосӣ, рӯдхона ва каналҳоро аз партов тоза кунанд.
Президенти Филиппин Фердинанд Маркос вазъи вобаста ба ифлосшавии обанборҳоро ниҳоят вазнин арзёбӣ кард. Таъкид намуд, ки коркарди партовҳо, инчунин татбиқи барномаи истеҳсоли неру аз партовҳо зарур аст.
