Ovozi.uz

Дар Кения 19 фил ба таври номаълум нобуд шуданд

Дар ҷануби Кения тайи ҳафтаҳои охир на кам аз 19 фил нобуд шудаанд. Мутахассисон то ҳол сабаби дақиқи ин талафоти оммавии ҳайвонотро муайян карда натавонистаанд.

Тибқи маълумот, аксари филҳои ҳалокшуда модина ва ҷавон будаанд. Кормандони мамнуъгоҳ мегӯянд, ки пеш аз ҳалок шудан дар филҳо нишонаҳои заъфи шадид ва фалаҷ мушоҳида шудааст.

Ҳайвонҳо қобилияти дар пой истоданро аз даст дода, ҳангоми кӯшиши бархостан пайваста ба замин меафтодаанд. Гуфта мешавад, ки ҳоло дар як фили дигар низ чунин нишонаҳо мушоҳида мешаванд. Агар ин фил ҳам нобуд шавад, шумораи қурбониёни эҳтимолии бемории номаълум ба 20 мерасад.

Мутахассисони Хидмати ҳифзи табиати ваҳшии Кения дар боқимондаҳои чанд фил миқдори зиёди сианидро ошкор кардаанд. Аз ин рӯ, мақомоти дахлдор эҳтимоли заҳролудшавии ҳайвонот бо пеститсидҳоро низ мавриди таҳқиқ қарор додаанд.

Ба гуфтаи мутахассисон, эҳтимол дорад филҳо аз хоҷагиҳои деҳқонии воқеъ дар наздикии мамнуъгоҳ мева хӯрда бошанд. Аммо то ҳол маълум нест, ки маҳз чӣ боиси нобудшавии оммавии филҳо шудааст. Мутахассисон таҳқиқотро идома медиҳанд.