Нашунидани садои баланди соат (будильник) дар субҳгоҳӣ гувоҳи камхобии музмин ва хастагии шадид аст, ки метавонад ба саломатии дил таҳдиди ҷиддӣ эҷод кунад. Дар ин бора духтури сомнолог, номзади илмҳои тиб Татяна Федорова ба агентии ТАСС хабар додааст.
Ба гуфтаи мутахассис, камхобии музмин чуқур шудани «хоби делта»-ро (даврае, ки фаъолияти мағзи сар дар ҳадди ақалл аст) зиёд мекунад ва инсон ба хоби вазнин рафта, садои соат барои бедор кардани ӯ кофӣ намешавад.
Агар шумо садои будилникро нашунавед, ин бадани шумост, ки аз хастагӣ «дод мезанад» ва ин як сигнали хатарнок барои системаи дилу рагҳо ба ҳисоб меравад.
Федорова инчунин илова намуд, ки бедоршавӣ ба хронотипи инсон низ алоқаманд аст. Мaғзи сари одамони «шабгард» (совы) дар субҳгоҳона дорои ҳадди баланди ангезиш буда, нисбат ба одамони «саҳархез» (жаворонки) раванди бедоршавиро мушкилтар тай мекунад.
