Дар шаҳри Самарқанд нахустин Форуми сайёҳии Ӯзбекистон ва Гурҷистон (Грузия) баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи форум ҷонишини раиси Кумитаи сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Санҷар Тоҷиев ва раиси Ассотсиатсияи сайёҳии Гурҷистон Натали Квачантирадзе таъкид намуданд, ки форуми мазкур ба марҳилаи нав баровардани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ нигаронида шуда, дар мустаҳкам намудани робитаҳои сайёҳии байни Ӯзбекистон ва Гурҷистон, татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак ва афзоиши гардиши сайёҳон аҳамияти муҳим дорад.
— Форуми имрӯза дар натиҷаи созишҳои муҳиме, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Гурҷистон рӯзҳои 2-3-юми июли соли ҷорӣ ба даст омаданд, баргузор гардид, — гуфт С.Тоҷиев. — Дар чорабинӣ масъулони соҳаи сайёҳӣ, соҳибкорон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии ду кишвар иштирок доранд. Ҳар ду ҷониб дар самтҳои сайёҳии фарҳангӣ, зиёратӣ, гастрономӣ, экологӣ ва сайёҳии MICE имкониятҳои бузург доранд. Ҳамчунин, мо мақсад дорем тавассути рушди парвозҳои мустақим, мустаҳкам намудани ҳамкорӣ байни туроператорҳо ва ташкили сафарҳои матбуотӣ ҷараёни сайёҳонро байни кишварҳоямон афзоиш диҳем. Умедворем, ки форум ба созишҳои мушаххас ва лоиҳаҳои амалӣ табдил ёфта, барои рушди ҳамкориҳои дарозмуддат миёни соҳаи сайёҳии Ӯзбекистон ва Гурҷистон замина фароҳам меорад.
Дар доираи форум тақдимотҳо баргузор шуда, оид ба имкониятҳои сайёҳии ҳар ду кишвар маълумот пешниҳод гардид. Ҳамчунин, масъалаҳои тарғиби маҳсулоти сайёҳӣ, ташаккули хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва ба роҳ мондани робитаҳои мустақим байни ширкатҳои сайёҳии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Байни субъектҳои соҳа вохӯриҳои B2B ташкил карда шуданд.
Намояндагони соҳаи сайёҳии Гурҷистон аз Маркази байналмилалии сайёҳии Самарқанд ва дигар мавзеъҳои сайёҳӣ дидан намуда, бо имкониятҳои сайёҳии вилоятамон аз наздик шинос гардиданд.
ӮзА
