Ovozi.uz

Меҳнати содиқона эътироф шуд

Меҳнати содиқона, ташаббус, саҳми муносиб ба рушди иқтисоди кишвар ҳамеша қадр мегардад. Бо Фармони Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз 13‑уми августи соли 2026 ба муносибати Рӯзи соҳибкорон як гурӯҳ намояндагони соҳа барои саҳми арзанда дар рушди иқтисоди кишвар ва баланд бардоштани сатҳи накӯаҳволии аҳолӣ сазовори мукофотҳои давлатӣ шуданд.

Дар қатори онҳо соҳибкори тайлоқӣ, директори ҶММ «Боғизоғон» Ботир Қозимов низ ҳаст. Ӯ барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзандааш бо ордени «Барои хизматҳои фидокорона» сарфароз гардид. Ин мукофот на танҳо барои роҳбари корхона, балки барои аҳли ҷамоаи «Боғизоғон» боиси хурсандӣ ва ифтихор мебошад.

Дар ҳақиқат, ҳар як мукофот ва эътироф натиҷаи меҳнати ҳалол, масъулияти баланд ва фаъолияти содиқонаи бисёрсола аст. Ботир Қозимов дар фаъолияти худ бештар ба самаранокии истеҳсолот, истифодаи пурраи имкониятҳо ва баланд бардоштани сифати маҳсулот эътибори алоҳида менигаронад.

— Ин мукофотро пеш аз ҳама эътирофи меҳнати ҷамоаамон медонам, — гуфт Ботир Қозимов. — Зеро, мо солҳои гузашта, бо ҷамоаамон аз як гиребон сар бароварда, якҷоя меҳнат кардем, барои беҳдошти сифати маҳсулот, ҷустуҷӯ намудем. Ва имрӯз маҳсулоти мо дар бозорҳои ҷаҳонӣ харидоргир шуд. Минбаъд низ кӯшиш мекунем, ки ба рушди иқтисоди кишвар ва барои бо ҷойи кор таъмин шудани шаҳрвандонамон ҳисса гузорем.

Бояд гуфт, ки дар корхонаи «Боғизоғон» ҷараёнҳои истеҳсол мувофиқи талаботи замонавӣ такмил дода шуда, ба роҳандозии технологияҳои нав ва баланд бардоштани малакаи мутахассисон аҳамият дода мешавад. Мақсад истеҳсоли маҳсулоти босифат ва рақобатбардошт мебошад.

Баробари ин, муносибати роҳбарият ба ҷамоа аз омилҳои муҳими фаъолияти корхона аст. Ҳамеша меҳнати кормандон қадрдонӣ гардида, ташаббус ва пешниҳодҳои онҳо дастгирӣ мешаванд. Мутахассисони ҷавон ба ҳар як мутахассиси соҳибтаҷриба вобаста карда шуда, барои таҷрибаомӯзии онҳо шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Натиҷаи фаъолияти истеҳсолии корхона дар васеъ шудани бозори маҳсулот низ дида мешавад. Корхонаи шароббарории «Боғизоғон» маҳсулоти худро ғайр аз кишварҳои ИДМ, инчунин, ба Таиланд, Хитой ва Япония содирот мекунад. Ин ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ривоҷи содирот ва иқтисоди мамлакат хизмат мерасонад.

Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА