Дар ноҳияи Ургут бозори деҳқонии «Ургут», ки дар маҳаллаи Юқори Калангар воқеъ мебошад, бо нигоҳ доштани услуби миллӣ ба тарзи замонавӣ таъмир гардида, ба истифода супурда шуд.
Дар маросими ботантанаи ифтитоҳи бозори деҳқонии «Ургут» ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев иштирок намуда, бо корҳои анҷомдодашуда аз наздик шинос гардид.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкорон ва шаҳрвандон, дар қисми даромадгоҳи бозор дарвозаи нави замонавӣ, мутобиқ ба тарҳи миллӣ бунёд карда шуд. Дарвоза бо услуби миллӣ оро ёфта, намои зебо ва ҷолиб пайдо кард.
Ҳамчунин, дар ҳудуди бозор 10 растаи фурӯши нон пурра таъмир гардида, 250 метр шабакаи канализатсия ва 300 метр шабакаи оби ошомиданӣ гузаронида шуд. Дар ҳудуди бозор 2 фаввора, 2 ҳоҷатхона ва 150 метр ҷӯйбор сохта шуд. Қисмати дохилии бозор пурра мумфарш гардид.
Илова бар ин, як трансформатори нав насб гардида, хатҳои барқ ба тартиб дароварда шуданд. 22 иншооти ғайриқонунӣ ба шакли замонавӣ оварда шуда, 30 мағоза ва 70 растаи савдо низ пурра таъмир гардиданд.
