Ovozi.uz

Иштирокчиёни Медиафоруми байналмилалии «Тамаддуни исломӣ: нигоҳи нав — кашфиётҳои нав» ба Самарқанд омаданд

Меҳмононро дар истгоҳи роҳи оҳани Самарқанд ҷонишинҳои ҳокими вилоят Р. Қобилов ва Б. Каримов пешвоз гирифтанд.

Сипас, аъзои ҳайат аз маҷмааи Имом Бухорӣ боздид карданд. Ба меҳмонон дар бораи ҳаёт ва мероси илмии ин муҳаддиси бузург, ҷойгоҳи беҳамтои ӯ дар ҷаҳони ислом, инчунин корҳои ободониву бунёдкорие, ки дар маҷмаа анҷом дода шудаанд, маълумот пешниҳод гардид.

Тибқи барномаи сафар, намояндагони ширкатҳои пешсафи ҷаҳонии медиа, рӯзноманигорон, филмсозони филмҳои ҳуҷҷатӣ, олимон, продюсерон ва мутахассисони соҳаи технологияҳои рақамӣ аз беш аз 40 кишвари ҷаҳон бо мероси ғании фарҳангии шаҳри Самарқанд шинос мешаванд.

Дар доираи сафари худ меҳмонон аз мақбараи Амир Темур, Майдони Регистон, расадхонаи Мирзо Улуғбек, маҷмааи Шоҳи Зинда ва дигар мавзеъҳои таърихию дидании шаҳр боздид хоҳанд кард.