«Соли 1868. Охирҳои фасли баҳор. Саҳарии барвақт. Мардуми Самарқанд дар хоби роҳат буданд. Банохост онҳо бо садоҳои тӯбу таркиши воҳимадор бедор шуда, бо ҳарос аз хона берун шуданд. Пиру барно, зану духтарон бачагону кӯдаконро ба даст гирифта, бо доду фиғон худро ба ҳар сӯ мезаданд. Душмани баттол бошад, ба болои онҳо оташфишонӣ мекард. Онҳо лашкарони истилогарони бисёрнафараи Россияи подшоҳӣ буда, бо сардории генерал-губернатор Кауфман барои ваҳшиёна истило кардани диёри офтобрӯя ва маҳв кардани таъриху маданияти маҳаллии халқи қадимаи ин сарзамин бо қаҳру ғазаби ваҳшиёна ҳуҷум мекарданд. Ба ин ҳуҷуми душмани ғаддор ҷавонмардони баору номуси Самарқанд бо досу каланд ва туфангу милтиқҳо ҳарчанд ҷавоб доданд, аммо нашуд. Лашкарони Амир Музаффар, ки дар қатори пеш буданд, низ мағлуб гардиданд. Баъд аз ин, сарфармондеҳи рус мардуми маҳаллиро дар майдони Регистон ҷамъ карда чунин гуфт: « — Шумо фикр накунед, ки одамони мо ҳамин 3–4 ҳазор нафар ҳастанд. Онҳо чун ситораҳои бешумори осмон хеле бисёр буда, то қиёмат дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунанд…»
Ин гуфтаҳо аз дафтари «Хотирот»-и Мирзо Қӯқанбой Абдухолиқзодаи самарқандӣ иқтибос карда шуд. Хуб, ин марди равшанфикр кист ва ӯ чӣ кора буд? Мо хостем, ки ба ин савол аз мақолаи «Мирзо Қӯқанбой кист?»-и олими забардасти самарқандӣ, академик, шодравон Ботирхон Валихӯҷаев ҷавоб ёбем. Дар мақола оварда мешавад:
«… Падари Қӯқанбой Абдухолиқ ном дошта, ҳунарманди моҳир буд. Ӯ бо тақозои тақдир ба шаҳри Қӯқанд (Хӯқанд) меравад ва чанд муддат сокини ин ҷо мешавад. Дар ҳамин айём, яъне соли 1869 Абдухолиқ соҳиби фарзанд гардида, ба ӯ исми Абдулҳақро мегузорад. Азбаски Абдулҳақ дар Қӯқанд таваллуд ёфта буд, ӯро бо номи аслӣ (Абдулҳақ) не, балки ба лақаби Қӯқанбой номгузорӣ мекунанд. Аз ин ҷост, ки баъд ба ҳуҷҷатҳои расмӣ ва осори боқимондаи ӯ ба тарзи Қӯқанбой ишорат мешавад. Дар ин вақт оилаи Абдухолиқ ба Самарқанд бармегардад ва дар гузари Қӯшҳавз зиндагӣ мекунад…»
Қӯқанбой дар мактаб хату савод бароварда, барои такмил додани дониш ба мадраса дохил мешавад. Ӯ дар ин муддат баробари илмҳои динӣ, инчунин аз паи мутолиаи асарҳои классиконе чун Ҳофиз, Саъдӣ, Ҷомӣ, Бедил ва ғайраҳо мешавад.
Қӯқанбой, ки дар вақти мадрасахонӣ аз паи забономӯзӣ шуда, ғайр аз забони модариаш тоҷикӣ, инчунин забони ӯзбекӣ, арабӣ, форсӣ, озарӣ ва туркиро ба хубӣ аз бар карда буд, аз паи ҳаваси забони русидонӣ шуд. Дар охирҳои асри XIX дар Самарқанд русҳо мактаб ва гимназияҳои худро кушода буданд. Аз ин ҷост, ки ӯ дар мактаби русӣ таълим гирифта, забони русиро мукаммал омӯхт. Акнун Қӯқанбой бо русҳо муносибат карда метавонист. Аз сабаби донистани забонҳои гуногун Қӯқанбой Абдухолиқзодаро дар идораҳои маъмурӣ ва давлатӣ ба вазифаҳои тарҷумон, муфаттиш ба кор даъват карданд. Дар давоми кор ӯ тарзи зиндагии мардум ва моҳияти фаъолияти роҳбарони ҳукумат, ки асосан аз вакилони рус иборат буданд, аз наздик шинос шуд. Ӯ акнун худро шахси тараққихоҳ медонист. Фаъолияти маорифпарварон Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, Саидаҳмад Васлӣ, Фикрии Самарқандӣ, Исматилло Раҳматиллозода, Садриддин Айнӣ ва чанде дигарон, ки мардумро ба бедории фикрӣ даъват мекард, Қӯқанбойро низ ба доираи худ кашид. Аз ин рӯ, Қӯқанбой ба кори эҷодӣ — навиштани асарҳои бадеӣ ва тарҷума машғул мегардид.
Дар охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ дар байни мардуми маҳаллӣ зуд-зуд касалиҳои хавфноки малария, вабо ва ғайраҳо паҳн шуда, манзараи мудҳишро пеш меоварданд. Барои пешгирӣ ва табобати онҳо табибони маҳаллӣ оҷизӣ мекарданд. Қӯқанбой Абдухолиқзода айнан дар ҳамин вақт тавонист рисолаи табиби петербургӣ Шусевро, ки мардуми маҳаллиро ба тандурустӣ ва табобати бемории гуногун даъват мекард, аз забони русӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ тарҷума кунад.
Акнун Қӯқанбой баробари ба идораҳои давлатӣ ба вазифаҳои масъул кор кардан, ҳамчун шахси донишманди замон ба корҳои маорифпарварӣ низ машғул мешавад.
Маълуми ҳамагон аст, ки аз солҳои аввали асри гузашта ҷараёни маорифатпарварӣ дар ҳудуди Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Самарқанд хеле ба зудӣ ривоҷу равнақ меёфт. Зуд-зуд дар гузару маҳаллаҳо мактабҳои усули нави ҷадидӣ ташкил мешуданд. Аксарияти китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ ба забони русӣ буданд. Қӯқанбой дар муддати кӯтоҳ китобҳои русии таълимии ботаника, география, зоология, анатомия ва мисоли онҳоро ба забони тоҷикӣ тарҷума карда, манзури мактабҳо гардонид.
Қӯқанбой Абдухолиқзода дар бораи фаъолияти адабии хеш дар тарҷумаи ҳолаш, ки худ ба қалам овардааст, чунин маълумот додааст: «Вақте ки соли 1925 Республикаи Тоҷикистон таъсис ёфт, ман дар филиали Нашриёти давлатии Тоҷикистон (воқеъ дар Самарқанд) ба сифати тарҷумон фаъолият нишон дода, инчунин аз паи навиштани асарҳои бадеӣ шудам. Иншои аввалини манро бо сарлавҳаи «Намоз» дар 15–16 варақи чопӣ дар нашриёти давлатӣ ба тариқи шартномавӣ қабул карда, онро дар соли 1940 дар маҷаллаи Тоҷикистон «Адабиёти сурх» («Красная литература») нашр намудам. Романи дигарам «Духтари кӯҳистон» 16 варақи чопӣ буда, дар мавзуи таърихи халқи маҳаллӣ навишта шуда буд.
Ба ғайр аз ин, роман ва повести «Аз нӯги қамчин хун мечакад» ва «Истадҷон»-ро навиштам, ки ин повестҳо дар журналҳои дар боло нишондодашуда ва журнали «Бо роҳи Ленин» чоп шуданд. Инчунин, бисёр ҳикояҳои дар дастам буда таҳрирталабанд. Ҷанги Бузурги Ватанӣ боиси ба хонандагон расонида натавонистани қисми калони асарҳоям гардид. Ҳамаи асарҳои ман таърихӣ буда, дар онҳо воқеаҳои давраи тореволютсионӣ, инчунин баъд аз инқилоб акс гардидаанд. Дар дастам дастнависи «Шӯриши соли 1916 дар Ҷиззах» мавҷуд буда, шахсан худ шоҳиди ин фоҷеа мебошам. Сабабҳои ба вуҷуд омадани ин шӯришро дар навиштаи худ акс намудам. Ба ғайр аз ин, ман аз соли 1931 то соли 1941 лар таҳрири луғати руси‑тоҷикӣ дар Академияи фанҳои Тоҷикистон ширкат варзидам.» (Матни хотираи Қӯқанбой ихтисоран чоп шуд. Ниг: Журнали «Дурдонаи Шарқ» 2024 с. № 4.саҳ.91–92).
Чун гуфти Қӯқанбой ҳамаи асарҳои ӯ таърихӣ буда, дар ҷараёни воқеа ҳодисаҳо бевосита иштирок карда, шоҳиди онҳо шудааст ва мушоҳидаҳои худро баъдтар ба коғаз фаровардааст. Чунончи дар асари «Шӯриши Ҷиззах» таъкид мешавад, он шуриш бо сабаби зулму истибдоде, ки саркардагони рус ба сари мардуми маҳаллӣ мекарданд, соли 1916 аз ҷониби халқи маҳаллӣ сар зада буд. Онҳоро аз як сӯ намояндагони табақаи болои ҷамъият — боёни маҳаллӣ азият диҳанд, аз ҷониби дигар мустамликадорони рус ғорат мекарданд. Молу мулк ва замини корами онҳоро бо ҳар баҳона аз они худ мекарданд. Ин ҳаракатҳои бераҳмонаю ваҳшиёна сабаб шуду халқи маҳаллӣ сар бардошта шӯриш карданд. Дар асар нависанда қаҳрамонҳои асосии муборизро халқи маҳаллӣ медонад ва онҳо барои озодии худ ҷасурона бар зидди сармоядорону истилогарони Россия бармехезанд.
Ҳамин хел воқеаҳои даҳшатангез дар романи «Намоз», муборизаю қаҳрамониҳо дар симои як нафар ҷавонмарди нотарсу далер — Намоз ҷилвагар мегардад. Дар асар Намоз ҳамчун сардори гурӯҳи ғоратгарон тасвир гардидааст. Ӯ дар музофотҳо бо лақаби Намози дузд ном бароварда буд.
Аммо Намоз дузди боинсоф буд. Мудом чизу чораи шахсони бойҳои муфтхӯру судхӯрро ғорат карда, ба беваю бечорагон медод ва бо ҳамроҳии одамонаш ба муқобили лашкарони истилогарони Россия нотарсона меҷангид ва ғорат мекард. Аз ин рӯ, халқи маҳаллӣ Намозро хеле ҳурмат мекард.
Ҳақ бар ҷониби шодравон, академик Ботурхон Валихоҷаев аст, ки дар мақолаи «Мирзо Қӯқанбой кист?»-и худ Намозро ҳамчун марди халқпарвар эътироф карда мегӯяд:
«… Дар романи «Намоз» бисёр масъалаҳои ҷолиб тавассути офаридани тимсоли Намоз ба қалам гирифта шудааст. Нависанда Намозро ҳамчун марди бомаърифат, донишманди қадриятҳои миллӣ, ғамхори бечорагону бенавоён, муборизи далер бар зидди беадолатӣ ва ҷоҳилӣ тасвир намудааст. Аз ин ҷост, ки меҳру муҳаббати халқ нисбати Намоз баланд буду ғазаб ва нафрати ҳукмфармоён бошад, тезу тунд…» (Нигаред. Мирзо Қӯқанбойи Самарқандӣ. «Духтари кӯҳистон», Самарқанд, 2006, саҳ.9).
Асари дигари Мирзо Қӯқанбойи Самарқандӣ «Духтари кӯҳистон» буда, воқеаву ҳодисаҳои он ҳаёти пеш аз инқилобии мардуми кӯҳистони деҳаи «Моғиён»-и Панҷакентро дар бар мегирад. Воқеаву ҳодисаҳо дар ин асар басо реалистона тасвир шудааст. Хусусан, зиндагии камбағалони деҳаҳои дурдасти «Моғиён» басо пурмашаққат буда дар чор фасли сол нони сериро намедиданд. Аксарияти онҳо бо заминҳои ҳосилхези амалдорон аз саршавии фасли баҳор то танги тирамоҳ меҳнат карда, ба зӯр қути лоямути худро ёфта, зиндагии тоқатфарсо аз сар мегузарониданд.
Қаҳрамони асосии асар Ҷумъаи занмурда бо духтарчаи 13‑солааш Моҳзода дар ин замони мураккабу тоқатфарсо камбағалона зиндагӣ мекард. Он вақтҳо дар деҳаҳои кӯҳистони Фалғару Моғиён ба касони бою мансабдор фурӯхтани духтаракони 12–13‑сола одат шуда буд. Ин аст, ки Мулло Солеҳи оқсақол ва Қози Мулло Ҷалол духтари Ҷумъаи камбағал Моҳзодаи 13‑соларо бо фиреб ва бо воситаи таҳдиди пристави полис ба Ёрмуҳаммадбойи Самарқандӣ маҷбуран фурӯхтанӣ мешаванд. Аммо Ҷумъа бо як нотарсию қаҳрамонӣ Моҳзодаро аз чанголи нобакорон халос карда, шабонгаҳ ҳар ду бо пойи лучу либосҳои дарбеҳ (ямоқин) бо азобу машаққати 3–4 шабонарӯзӣ ба Самарқанд омада, роҳу равиши зиндагиро меёбанд.
Маҳорати нависанда Мирзо Қӯқанбой дар он аст, ки ӯ духтари кӯҳистон Моҳзодаро ҳамчун духтараки мубориз нишон дода, бо ҷавони дӯстдоштаи худ Қурбони камбағалу танҳо ба мақсад мерасонад. Дар охири роман ҳардуи онҳо ҳамчун омӯзгорони саводнок ба чашм намоён шуда, бофароғат ҳаёт мегузаронанд.
Лекин баъзе асарҳои нависанда аз ҷумла, романи «Духтари кӯҳистон» дар он солҳо чоп нашуда монд. Сабаб чист? Дар ин бора устод Садрӣ Саъдиев чунин мегӯяд:
«… Қӯқанбой Абдухолиқзода арзиши ғоявию бадеии ин роман ва дигар асарҳои бадеии худро дониста, дар вақташ барои интишор ва дастраси хонандагон гардонидаи онҳо хеле кӯшиш ва талошҳо кардааст, аммо он кӯшишҳои ӯ ба ҷое нарасидааст, аниқтараш шахсони пуриқтидор ва бонуфузе буданд, ки бинобар бо сабабҳои номаълум, аз ҷумла
бухлу бахилӣ ба майдони адабиёт баромадани ин нависандаи заковатмандро нахоста, пеши роҳашро гирифтанд ва аз чоп боздоштанд. Онҳо бо ин кирдори худ дар ҳаққи Қӯқанбой Абдухолиқзода на танҳо ноинсофӣ, балки ба нодида гирифтани эҷодиёти ӯ, ки як саҳифаи нав ва пурмазмуни таърихи адабиёти тоҷики он даврро ташкил медиҳад, нисбати ин адабиёт хиёнат карданд…» («Духтари кӯҳистон»-Самарқанд. 2000. саҳ.14).
Қӯқанбой Абдухолиқзода ҳамчун нависандаи пурмаҳсули шинохта, ҳуқуқдон, сиёсатшинос ва аввалин хотиранавис дар олами давраи ҷадидони Туркистон, алалхусус, дар Самарқанд асарҳои бадеии худро дар руҳияти ватандорию миллатпарварӣ, истиқлолияти кишвар ва қадриятҳои миллӣ эҷод ва ба бедории миллии халқ хизмати шоён карда тавонист. Албатта, ин ғоя ва мушоҳидаҳои нависанда ба роҳбарони Россияи онвақта намефорид. Аз ин ҷост, ки дар аввали солҳои сиюми асри гузашта ҳамчун душмани давлати шӯравӣ, муттаҳам гардида, 4 моҳ дар ҳабсхонаи Самарқанд зиндонбанд гардид. Ӯ дар ин муддат аз тазйиқу фишори муфаттишон худро ҳимоя намуда, ҳеҷ гуноҳ надоштанашро собит менамояд ва онҳо маҷбур мешаванд, ки нависандаро озод кунанд. Баъд аз ин, Мирзо Қӯқанбой Абдухолиқзода то охири умр ба офаридани асарҳои бадеӣ ва ёддоштӣ машғул мешавад. Абдухолиқзода соли 1948 ба дунёи боқӣ реҳлат мекунад. Оромгоҳи ӯ дар мазори қадимаи Шоҳи Зиндаи Самарқанд аст.
Нависандаи шинохтаи таърихнавис
