Ovozi.uz

Беш аз 35 сол ҳамкорӣ дошт…

Рӯзи 1‑уми сентябр дар маҳаллаи Камонгарони ноҳияи Уругут хабари вафоти Мурод Қурбонзода барқвор паҳн шуда, мардуми зиёдеро ғамгин кард. Зеро ӯ ба бисёриҳо таълиму тарбия дода, ҳамчун муаллим обрӯю нуфузи баланд дошт. Ӯро ба сифати рӯзноманигору мухбири ҷамоатӣ на танҳо дар ноҳия, балки дар миқёси вилояту ҷумҳурӣ низ мешинохтанд ва ҳурмату иззат мекарданд.

Мурод Қурбонзода барои муштариёни рӯзномаи мо низ хуб шинос буд. Вай бештар аз 35 сол боз бо рӯзнома ҳамкорӣ дошт ва мунтазам хабару мақола, ёддошту очерк ва латифаву ҳаҷвияҳои худро ба мо ирсол мекард.

Ӯ 3‑юми феврали соли 1949 таваллуд ёфта буд. Мактаби таълими умумии зодгоҳашро тамом карда, шомили факултети забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Самарқанд шуд. Пас аз хатми донишкада ба касби омӯзгорӣ пардохт. Асосан дар мактаби таълими умумии рақами 49 аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дарс дод ва солҳои дароз вазифаи ҷонишини директор оид ба корҳои илмиро ба ҷо овард. Ҳамчун педагоги пуртаҷрибаву чашмикордон борҳо аъзои ҳаками озмунҳои фаннӣ, олимпиада ва азназаргузарониҳои мактабҳои ноҳияву вилоят буд.

М.Қурбонзода агар дар ин мактаби ҷонаҷонаш соли 1968 ба кор пардохта бошад, соли 2011 аз он ҷо ба нафақа баромад. Барои хизматҳояш дар соҳаи мактабу маориф ва таълиму тарбияи насли наврас сазовори унвони Аълочии таълими халқии Ӯзбекистон гардид.

Ҳарчанд дар нафақа бошад ҳам, ҳамкориашро бо идораҳои рӯзномаву маҷаллаҳои «Ургут садоси», «Овози Самарқанд», «Зарафшон», «Овози тоҷик», маҷаллаи «Ҳидоят» ва ғайраи Ӯзбекистон давом медод. Ҳамчун корманди ҷамоативу мухбири ғайриштатии бисёр газетаву журналҳо таҷрибаи кори матбуотии беш аз 45‑сола дошт. Барои иштироки фаъолона борҳо ба гирифтани мукофоту ифтихорномаҳои идораи нашрияҳои даврӣ мушарраф гардида буд.

М.Қурбонзода баробари хабарнигории ҷамоатӣ дар эҷоди асарҳои бадеӣ низ қувваозмоӣ мекард. Як қисми онҳо дар маҷмӯаҳои дастҷамъии «Ургут наволари», «Суханварони Зарафшон», «Дурдонаҳои Шарқ», «Устодларни эслаб», «Зарафшон» ва ғайра дастраси хонадагон гардиданд.

Устод дар тамоми корҳои ободонӣ ва маърифиву маънавии маҳалла фаъолона итирок мекард. Ба бисёри онҳо сару бар шуда, барои пурмазмуну хотирмон гузаштани чорабиниҳо маслиҳатҳои муфид медод. Аз соли 2000 то рӯзҳои охирини ҳаёташ вазифаи ҷамъиятии раиси «Нурониён»-и маҳалларо ба ҷо меовард.

М.Қурбонзода дорандаи медали «Шуҳрат» ва нишони сарисинагии «Фахрии меҳнат» буд.

Муаллим бо ҳамсараш Соро Раҳматова соҳиби чор фарзанд, 25 небера ва 15 нафар абера шуда буданд.

— Бепадари бисёр вазнин будааст, — бо ғаму андӯҳи зиёд гуфт писари хурдии муаллим Дилшод Қурбонов. — Аз даргузашти падарам бисёр зиқ шудам. Аз байн як рӯз гузашту се маротиба ба сари гӯрашон рафта омадам. Як китобашонро тайёр карда буданд. «Инро баъди сари ман чоп мекунӣ» гуфтанд. Ин гуфтаи падарамро ҳатман иҷро мекунам.

Илоҳо охирати устод ободу ҷояш пешгоҳи биҳишт гардад.

Аз номи ҷамоаи «Овози Самарқанд».