Дар вилояти Самарқанд ба ҷамъоварии ҳосили пахта омодагии ҳамаҷониба мебинанд.
Пахтакорӣ яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзии вилояти Самарқанд ба ҳисоб меравад. Бо муваффақият гузаронидани мавсими пахтачинӣ на танҳо ба ҳосилнокии замин, балки ба ташкили дурусти корҳои саҳро, ҷалби нерӯи корӣ, омодагии техника ва таъмини инфрасохтори қабул ва нигоҳдории пахта низ вобастагӣ дорад.
Мувофиқи маълумоти кормандони садорати хоҷагии қишлоқи вилоят, имсол ҳамагӣ дар 60 ҳазор гектар майдони 1 ҳазору 754 хоҷагии фермерӣ ва 7 хоҷагии кластерии вилоят пахта парвариш карда шудааст. Ҳаҷми умумии ҳосили пешбинишаванда 310 ҳазору 500 тонна мебошад.
Кадом ноҳияҳо ба мавсим омодагӣ мебинанд?
Дар мавсими ҷамъоварии пахтаи соли равон ноҳияҳои Каттақӯрғон, Нарпай, Пахтачӣ, Иштихон, Пайариқ, Пастдарғам, Нуробод ва Оқдарё саҳми хоҳанд дошт.
Аз рӯи ҳаҷми майдони пахтакорӣ ноҳияи Пастдарғам бо зиёда аз 13 ҳазор гектар дар байни минтақаҳои пешсаф қарор дорад. Каттақӯрғон, Нарпай, Пайариқ ва Пахтачӣ низ дорои майдонҳои калони пахта мебошанд. Ин нишон медиҳад, ки мавсими ҷамъоварии ҳосил дар вилоят корҳои васеъмиқёс ва ҳамоҳангии дақиқро талаб мекунад.
Зиёда аз 62 ҳазор нафар барои ҷамъоварии пахта ҷалб мешаванд
— Яке аз масъалаҳои асосии мавсими пахтачинӣ таъмини нерӯи корӣ мебошад, — гуфт корманди шуъбаи пахтапарварӣ ва зироатҳои техникии Садорати хоҷагии қишлоқи вилоят Шуҳрат Абдуллоев. — Барои ҷамъоварии ҳосили соли 2026 дар вилояти Самарқанд ташкил намудани 490 отряд ва ҷалби 62 ҳазору 78 нафар пахтачин пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои гуногун бо назардошти ҳаҷми майдон ва ҳосили пешбинишаванда теъдоди пахтачинон муайян гардидааст. Қисме аз нерӯи корӣ аз ҳисоби кормандони хоҷагиҳои фермерӣ ва кластерҳо таъмин ва барои қисми дигар ҷалби шаҳрвандон ва нерӯҳои иловагӣ пешбинӣ шудааст.
Техника — омили муҳими самаранокӣ
Дар солҳои охир истифодаи техникаи муосир дар ҷамъоварии пахта аҳамияти бештар пайдо кардааст. Агар пештар қисми асосии ҳосил бо меҳнати дастӣ ҷамъоварӣ мешуд, имрӯз мошинҳои пахтачинӣ барои кам кардани вақти ҷамъоварӣ ва баланд бардоштани самаранокии меҳнат нақши муҳим мебозанд.
— Барои мавсими имсола дар вилоят 158 мошини пахтачинӣ ҷалб гардида, онҳо барои ҷамъоварии ҳосили 42 ҳазор гектар майдон ва зиёда аз 217 ҳазор тонна пахта сафарбар карда мешаванд, — идома дод Ш.Абдуллоев. — Масъалаи таъмини ноҳияҳо бо воситаҳои техникиву инвентарӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Барои ҳар як минтақа бо назардошти ҳаҷми майдонҳои пахта ва миқдори ҳосили пешбинишаванда талаботи зарурӣ ба техника ва таҷҳизот муайян шудааст. Ҳамагӣ 341 дона нақлиёт барои кашонидани пахтачинҳо ва 1 ҳазору 666 дона нақлиёти пахтакашон сафарбар карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар вилояти мо дар назар аст, ки мавсими пахтачинӣ аз санаи 15‑уми сентябр оғоз ёбад.
Ҳ.СОДИҚОВ
