Ovozi.uz

Семинар оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон

Солҳои охир дар кишвари мо ба такмили куллии заминаҳои институтсионалӣ ва ҳуқуқии ҳимояи боэътимоди ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии кӯдакон аз фишору зӯроварӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

7-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд бо ҳамкории Сарпрокуратура, Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ ва ваколатхонаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои тренерон дар мавзӯи «Гузаронидани бозпурсии ноболиғон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар доираи низоми “Барнахус” семинар-тренинг баргузор гардид.

Семинари мазкур то 11-уми сентябр идома меёбад.

Дар машғулиятҳои семинар 17 нафар кормандони мақомоти прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин коршиносон ва мутахассисон иштирок доранд.

Дар доираи вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкорӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ноболиғон, инчунин самтҳои ояндадори густариши минбаъдаи ин ҳамкориро баррасӣ карданд.

Иштирокдорони вохӯрӣ таъкид намуданд, ки ин мулоқот барои рушди минбаъда ва мустаҳкам намудани муносибатҳои мутақобила дар соҳаи ҳуқуқ заминаи нав фароҳам хоҳад овард.