Дар соли равон бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори ҳудудҳо, эҷоди шароит барои аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ ба ноҳияҳо ба ҳисоби миёна 250 миллиардсӯмӣ ва ба маҳаллаҳо 5,5 миллиардсӯмӣ маблағ дода шуд.
Дар натиҷаи васеъ кардани ваколатҳои ҳокимони ноҳияҳо ва раисони маҳаллаҳо оид ба воридот, даромади иловагие, ки дар ҳудуд мемонад, то ду баробар афзоиш ёфт. Дар ноҳияҳо ба ҳисоби миёна 22 миллиардсӯмӣ маблағи иловагӣ монд, ба буҷети маҳалла бошад, ба ҳисоби миёна 150–200 миллион сӯм ворид гардид.
Умуман, имрӯз барои ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ ҳам дар ҳоким, раиси маҳалла ва умуман, ҳар як намояндаи «ҳафтгона» ресурс ва ваколат вуҷуд дорад. Ҷанбае, ки намерасад — масъулият ва ташаббускорист.
Ин рақам ва фикрҳо рӯзи 16‑уми июл дар маҷлиси видеоселектории таҳти раёсати Сарвари давлатамон гузаронида, ки ба ворид намудани муҳити нав ба маҳаллаҳо ва ба тарзи намунавӣ ташкил кардани фаъолияти «ҳафтгонаи маҳалла» бахшида шуда буд, қайд гардиданд.
Гуфтан мумкин аст, ки маҷлиси мазкур ҳамчун ифодаи амалии фармони Сарвари давлатамон аз 24‑уми июни ҳамин сол «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ оид ба ташкили самарабахши идораи маҳалла» бо муайян кардани механизмҳои амалӣ намудани он аҳамиятнок мебошад.
Дар асоси фармон, механизми ҳалли муаммоҳои аҳолӣ дар асоси принсипи «маҳалла — ноҳия — вилоят» ба роҳ монда, ҳиссае, ки ба маҳалла аз андозҳои замин ва молу мулк ҷудо карда мешавад, аз 10 дарсад то 15 дарсад расонида шуд. Муайян гардид, ки маблағҳои аз фурӯши 5 ҳазор метри мураббаъ ва аз он зиёд биноҳои холӣ истода дар маҳалла ва як қисми ҷаримаҳо аз рӯи вайрон кардани қоидаҳои санитарӣ ва сохтмонҳои ғайриқонунӣ бадастомада низ ба маҳаллаҳо равона карда шаванд.
Дар маҷлис аз чунин навгониҳои муҳим ва масъалаҳое, ки ҳангоми амалӣ намудани онҳо эътибор додан зарур аст, маълумот доданд. Қайд гардид, танҳо аз ҳисоби андозҳои маҳаллӣ дар маҳаллаҳо маблағи хуб мемонад.
Аз ҷумла, дар вилояти мо ба суратҳисоби маҳаллаҳо аз ҳисоби андозҳо 44 миллиард сӯм маблағ ҷамъ оварда шуд. Аз ҳисоби ин маблағҳо дар нимаи аввали сол барои 45 маҳалла биноҳои нав сохтанд, 15‑тоаш тармим (реконструксия) ва биноҳои 252 маҳалла таъмир карда шуданд. Дар ҳамаи маҳаллаҳо барои кори самараноки «ҳафтгона» шароит фароҳам оварда, бо компутер ва дигар технологияҳои ахборӣ таъмин карда шуданд. Ҳамчунин, инфрасохтори маҳаллаҳо беҳтар ва 204 километр пайраҳаҳои саломатӣ, 194 майдончаи кӯдакона барпо карда шуданд. Дар 482 маҳалла фаъолияти «китобхонаи маҳалла» оғоз гардид. Барномаи давлатии «Соли рушди маҳалла ва пешрафти ҷамъият» ва як қатор қарорҳои Президентамон, ки ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодии вилояти мо нигаронида шудаанд, барои такмил додани инфрасохтори маҳаллаҳо, рушди соҳибкорӣ дар ҳудуд ва эҷоди ҷойҳои нави корӣ, афзудани дараҷаи зисти аҳолӣ хидмат мекунанд.
Аз ҷумла, аз ҳисоби маблағҳои барои вилоят пешбинишуда дар 650 маҳалла корҳои зарурӣ иҷро карда мешаванд. Ба ҳар кадоме аз ин маҳаллаҳо, ба ҳисоби миёна аз 6,5 то 7 миллиардсӯмӣ маблағ равона карда шудааст. Масалан, ба ноҳияҳои Қӯшработ ва Пахтачӣ, ки дар тоифаи «вазнин» мебошанд, 60 миллиардсӯмӣ маблағ ҷудо карда шуд. Аз ҳисоби ин маблағҳо 29 километр роҳҳои дохилӣ ва 6 кӯпрук таъмир мегардад, 25 километр роҳи пиёдагардон сохта, 43 километр шабакаи барқ кашида ва 46 адад трансформатор гузошта мешавад. Инчунин, 7 иншооти обӣ сохта, 8 километр оби нӯшиданӣ, 4 километр корез (оқова) ва 12 километр шабакаи обёрӣ кашида мешавад.
Маҳаллаи Мойбулоқ на танҳо яке аз ҳудудҳои канортарин ва кӯҳистони ноҳияи Каттақӯрғон, балки вилоятамон низ ба ҳисоб меравад. Шароити зисти аҳолӣ низ нисбат ба ҳудудҳои дигар вазнинтар аст.
[09.09.2026 20:09] Сироҷака: Бо қарори дахлдори Сарвари давлатамон, дар ин ҳудуд барои дар 5 ҳазор гектар чарогоҳ ва заминҳои лалмӣ ташкил намудани пистазорҳо 20 миллиард сӯм ҷудо карда шуд. Дар ин ҷо 24 километр шабакаҳои барқ кашида, 50 чоҳи артезианӣ кофта, атрофи пистазорҳо дар масофаи 10 километр бо тӯри симӣ печонда мешавад. Имрӯзҳо аз ҷониби ширкати «Ҷомбой Агростар» 128 гектар майдони замин аз тариқи музояда (ауксион) харидорӣ шуда, корҳои коркарди замин оғоз ёфтанд ва дар ҳамин сол 200 гектар майдони замин ба муомила ворид ва зиёда аз 100 хоҷагии деҳқонӣ ташкил ёфта, 250 нафар аҳолӣ бо кори доимӣ таъмин карда мешаванд. То ба ҳосил даромадани дарахтони писта, дар байни қаторҳо зироатҳои лӯбиёгӣ ва полизӣ кошта, аз ин тариқ барои ҳар як хонадон дар як сол то 20–30 миллионсӯмӣ имконияти гирифтани даромади иловагӣ эҷод мегардад.
Имсол ба ҳар яки 103 маҳаллаи тоифаи «вазнин»-и вилоятамон 3 миллиардсӯмӣ маблағ ҷудо карда шуд ва аз ҳисоби ин таъмири 279 километр роҳҳои дохилӣ, сохтмони 90 километр роҳи пиёдагардон, кашидани 623 километр шабакаи барқ оғоз ёфт. Илова бар ин, 221 трансформатор гузошта ва 22 адад иншооти об сохта мешавад, 86 километр шабакаи оби нӯшокӣ кашида, 62 адад чоҳҳои артезианӣ мекобанд. Ин чорабиниҳо барои баланд бардоштани дараҷаи зисти аҳолӣ, рушди соҳибкорӣ дар ҳудуд ва таъмини шуғли аҳолӣ хидмат менамоянд.
Ба ихтисосонидани маҳаллаҳо, бо истифодаи самаранок аз имкониятҳои мавҷуда таҳия ва амалӣ намудани микролойиҳаҳо низ эътибори алоҳида медиҳанд. Мо мақсад гузоштаем, ки имсол 130 маҳалларо амиқ ихтисосонида, шумораи онҳоро аз 439 ба 569‑то расонем. Дар доираи корҳои ин самт, дар шаш моҳи аввали сол ба 2,3 ҳазор хонадон 39,5 миллиард сӯм кредитҳои имтиёзнок, ба 460 хонадон 6 миллиард сӯм ссуда ва субсидияҳо ҷудо карда шуданд. 265 миллиард сӯм маблағҳои худи соҳибони 13 ҳазор хонадон азхуд кунонида шуда, дар натиҷа, 82 маҳалла соҳиби ихтисоси амиқ гардид. Барои амалӣ намудани 4,1 ҳазор микролоиҳа ба миқдори 158,1 миллиард сӯм кредит ҷудо карда, шуғли 15 ҳазор аҳолӣ таъмин ва 1770‑тои микролоиҳаҳо бо иштироки оилаҳои камбизоат ташкил карда шуданд.
Боиси ифтихор ва хушнудист, ки ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли кишвари ҷоноҷонамон зимни лоиҳаи «35 бино ба 35 солагӣ», 35 бинои нави маҳаллаҳо ба истифода супурда шуданд.
Исроил ҶАББОРОВ,
сарвари Садорати вилоятии Иттиҳоди маҳаллаҳои Ӯзбекистон
