Ovozi.uz

Ҳокими вилоят бо сармоягузорони хориҷӣ масъалаи таъсиси маркази бузурги савдоро баррасӣ кард

Aдиз Бобоев бо намояндагони ширкати «China Global Purchasing Group» музокира гузаронид.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби ширкат лоиҳаи таъсиси маркази бузурги савдои Хитойро пешниҳод гардид. Ширкат дар Хитой маркази савдо дорад ва сармоягузорон нақша доранд, ки ҳамин гуна маҷмуаро дар Самарқанд бунёд намоянд.

Сармоягузорон Самарқандро аз нигоҳи стратегӣ барои татбиқи чунин лоиҳа минтақаи муносиб мешуморанд.

Дар назар аст, ки маркази нав ҳамчун маркази бузурге, ки соҳаи савдо ва минтақаҳои иқтисодиро ба ҳам мепайвандад, фаъолият кунад. Дар он имконияти ҷамъоварӣ, ба намоиш гузоштан ва фурӯши маҳсулоти истеҳсолии Хитой фароҳам оварда мешавад.

А. Бобоев таъкид намуд, ки лоиҳаро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ хоҳад кард. Инчунин, ӯ гуфт, ки пеш аз интихоби макони мувофиқ барои маҷмаа, таҳияи консепсияи хуб зарур аст.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро идома дода, муҳокимаи масъалаҳоро ба зинаи амалӣ гузаронанд.