Дар таърих чунин маконҳое ҳастанд, ки арзишу мақоми онҳоро на танҳо бо биноҳо ва толорҳои дарсӣ, балки ҳатто бо гузашти солҳо низ чен кардан ғайриимкон аст. Зеро таърихи воқеии чунин даргоҳҳо на дар деворҳои онҳо, балки дар муҳити илмие, ки дар ин ҷо ташаккул ёфтааст, дар алломаҳои ба камол расида, наслҳои тарбияёфта ва саҳме, ки дар пешрафти ҷомеа гузоштаанд, таҷассум меёбад.
Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов низ яке аз чунин даргоҳҳои муқаддаси илму маърифат ба шумор меравад. Дар асари Зайниддин Восифӣ «Бадоеъ-ул-вақоеъ» зикр шудааст, ки Мадрасаи Олии бо фармони Мирзо Улуғбек бунёд гардида, соли 1420 сохта, 21-уми сентябр ба фаъолият шуруъ кардааст. Аз ин рӯ, 21-уми сентябр барои аҳли Донишгоҳи давлатии Самарқанд танҳо як санаи одӣ нест, балки таҷассумгари маънои шашасраи рушди илму дониш низ мебошад.
Дар замине, ки бузургтарин алломаҳо дар он эҷод ва пажӯҳиш кардаанд, мактаби илмии Мирзо Улуғбек ташаккул ёфт ва дар он кашфиётҳои илмие анҷом дода шуданд, ки дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми бузург гузоштанд. Пас аз даргузашти Улуғбек ин анъанаи илмиро шогирди ӯ Алӣ Қушчӣ идома дод. Султони турк Муҳаммади II (1451–1481), ки шахси тараққихоҳ буд, Алӣ Қушчиро ба дарбор даъват карда, ӯро роҳбари аҳли илм таъин намуд. Алӣ Қушчӣ дар Туркия олимон, файласуфон ва шоиронро гирди худ ҷамъ намуда, барои рушди корҳои илмӣ талош мекард. Худи ӯ низ дар соҳаҳои риёзиёт, нуҷум, фалсафа, мантиқ, адабиёт, мусиқӣ ва дигар илмҳо рисолаҳо таълиф намуд. Дар ҳамин давра дар ҷаҳони турк яке аз намунаҳои барҷастаи низоми таҳсилоти олии замона ташаккул ёфт.
Таърихи рушди Донишгоҳи давлатии Самарқандро бе фаъолияти шахсиятҳои маъруфе, ки аз оғӯши ин даргоҳ ба камол расидаанд, тасаввур кардан душвор аст. Бисёре аз аҳли адаб, олимон ва зиёиёне, ки дар донишгоҳ таҳсил карда ё фаъолият намудаанд, баъдан дар ҳаёти илмӣ, адабӣ ва иҷтимоии кишварамон осори муҳим боқӣ гузоштанд. Аз ҷумла, Шароф Рашидов солҳои 1937–1941 дар ин донишгоҳ таҳсил гирифтааст.
Солҳои Истиқлол дар таърихи Донишгоҳи давлатии Самарқанд марҳилаи нави рушдро оғоз намуданд. Афзоиши таваҷҷуҳ ба давлатдории миллӣ, хотираи таърихӣ, арзишҳои миллӣ ва мероси маънавӣ дар донишгоҳ барои анҷом додани таҳқиқоти нав дар соҳаҳои таърих, филология, бостоншиносӣ, фарҳангшиносӣ ва дигар самтҳои илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Дар ин давра миқёси омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва педагогӣ низ густариш ёфт. Дар заминаи иқтидори илмии донишгоҳ дар самтҳои гуногун муассисаҳои нави таълимӣ ва илмӣ таъсис дода шуданд.
Солҳои охир дар рушди Донишгоҳи давлатии Самарқанд марҳилаи нави пешрафт оғоз гардид. Ба донишгоҳ додани мақоми муассисаи таҳсилоти олии «флагман» (парчамдор) барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори илмӣ ва таълимии он мусоидат намуд. Ҳамкорӣ бо барномаҳои муосири таълимӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, мактабҳои махсусгардонидашуда, литсейҳои академӣ ва техникумҳо ба роҳ монда шуд. Фаъолияти донишгоҳ дар ҳудудҳои Ургут ва Каттақӯрғон низ густариш ёфт. Барои таҳкими робитаҳои миёни илм, таълим ва истеҳсолот корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Ҳамчунин дар донишгоҳ ба рушди самтҳои нави фаъолият мутобиқ ба модели «University 3.0» таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Имрӯз робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Самарқанд низ торафт густариш меёбанд. Бо муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олӣ ва илмии кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҳамкориҳо ба роҳ монда шуда, конференсияҳои байналмилалии илмӣ, семинарҳо ва лоиҳаҳои илмӣ амалӣ карда мешаванд. Соли 2021 бо мақсади таблиғи васеи решаҳои таърихӣ, мероси илмӣ ва дастовардҳои имрӯзаи донишгоҳ санаи 21-уми сентябр ҳамчун Рӯзи Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҷлил гардид. Ин сана дар таърихи донишгоҳ маънои хоси рамзӣ дорад. Зеро 21-уми сентябр, аз як тараф, ба оғози фаъолияти Мадрасаи Олии Мирзо Улуғбек иртибот дошта бошад, аз ҷониби дигар, пайванди ногусастании донишгоҳи имрӯзаро бо анъанаҳои чандинсадсолаи илмӣ ифода мекунад.
Вақте ба таърихи Донишгоҳи давлатии Самарқанд назар меафканем, як ҳақиқат ба таври равшан падидор мешавад: қудрати ин даргоҳ танҳо дар биноҳо, толорҳои дарсӣ ё заминаи моддии он нест, балки дар анъанаҳои илмиест, ки аз насл ба насл гузаштаанд, дар мактаби устодиву шогирдӣ ва рӯҳияи садоқат ба илм таҷассум меёбад. Гарчанде миёни алломаҳое, ки дар замони Мирзо Улуғбек осмони Самарқандро мушоҳида мекарданд ва олимони имрӯза, ки дар озмоишгоҳҳои муосир таҳқиқот анҷом медиҳанд, садсолаҳо фосила вуҷуд дорад, онҳоро як нерӯи ягона ба ҳам мепайвандад — таваҷҷуҳи беандоза ба илм.
Ҷавононе, ки имрӯз дар донишгоҳ таҳсил мекунанд, низ идомадиҳандагони ҳамин мероси бузурги илмӣ мебошанд. Дар назди онҳо вазифаҳои бузурге қарор доранд: аз худ намудани дастовардҳои илми муосир, анҷом додани кашфиётҳои нави илмӣ ва саҳм гузоштан дар рушди шоистаи кишвар. Зеро танҳо дар сурате, ки хотираи таърихӣ бо донишҳои муосир ҳамоҳанг гардад, рушди илму дониш метавонад ба таври устувор идома ёбад.
Рӯзи Донишгоҳи давлатии Самарқанд барои дарки ҳамин пайванди таърихӣ ва идомаи анъанаҳо санаи муҳим ба шумор меравад. Ин рӯз анъанаҳои илмию маърифатиро, ки дар сарзамини бостонии Самарқанд ташаккул ёфтаанд, мероси бузурги илмии аз замони Мирзо Улуғбек оғозёфтаро ва фаъолияти донишгоҳи муосири имрӯзаро бо ҳам мепайвандад.
Агар дар тӯли асрҳо нури илм қалби наслҳои гуногунро равшан карда бошад, Донишгоҳи давлатии Самарқанд имрӯз низ ҳамчун як даргоҳи бузурги маърифат ин нурро ба наслҳои нав мерасонад.
Донишгоҳи давлатии Самарқанд — маскани наслҳои бахшида ба илм аст. Нури илме, ки дар ин даргоҳ офарида шудааст, аз насл ба насл гузашта, роҳи ояндаро равшан хоҳад кард.
Ферӯз Нарманов, мудири кафедраи Таърихи Ӯзбекистон, дотсенти Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов,
Одил Эргашев, мудири кафедраи бостоншиносӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов.
