Ovozi.uz

Духтарони соҳибилм кафолати ояндаи дурахшон

Дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо мақсади тарбия намудани насли ҷавон дар рӯҳияи маърифатпарварӣ, эҷодкорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, дастгирии иқтидори эҷодии донишҷӯдухтарон ва омода намудани онҳо ҳамчун номзадҳои арзанда ба Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия семинар-тренинг баргузор гардид.

Чорабиниро ҷонишини ректор оид ба масъалаҳои ҷавонон ва корҳои маънавию маърифатӣ С. Аббосов ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки дастгирии фаъолнокии ҷавонон, бахусус донишҷӯдухтарон, дар соҳаҳои илму фан, таълим, адабиёт ва санъат, инчунин фароҳам овардани шароит барои рӯё намудани истеъдод ва ташаббусҳои онҳо муҳим мебошад.

Дар семинар-тренинг сармутахассиси Садорати масъалаҳои оила ва занони назди ҳокимияти вилоят Ойтӯла Абдураҳимова ва маслиҳатчии ректор оид ба масъалаҳои занону духтарон С. А. Рӯзиева иштирок намуданд.

Дар рафти семинар-тренинг донишҷӯдухтарон оид ба тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмуни Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия, марҳилаҳои озмун ва имкониятҳои фароҳамовардашуда барои иштирокчиён маълумоти зарурӣ гирифтанд.